Главная > Навидҳо / Тоҷикистон / Фарҳанг / Фарзонафарзандон > ЧАРОҒИ АБАДӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба кору пайкори вассофи сулҳу дӯстӣ Устод Мирзо Турсунзода

ЧАРОҒИ АБАДӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба кору пайкори вассофи сулҳу дӯстӣ Устод Мирзо Турсунзода


3-05-2021, 10:26.
ЧАРОҒИ АБАДӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба кору пайкори вассофи сулҳу дӯстӣ Устод Мирзо Турсунзода
Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон баробар бо ҷашнҳои 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 70-солагии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчунин 110-солагии шоир, олим, адабиётшинос, ходими сиёсию давлатӣ Мирзо Турсунзодаро таҷлил менамоянд ва фикр мекунам ҳар сеи ин ҷашнҳо мантиқан ба ҳам пайвастагии ногусастанӣ доранд. Зеро Мирзо Турсунзода-фарзанди бузурги халқи тоҷик, пеш аз ҳама, вассофи Ватани азизи худ, ин марзу буми аҷдодӣ ва аз тарафи дигар олим, муҳаққиқ ва пажӯҳишгари шинохтаи риштаи адабиёт ва илму фарҳанги миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик буд.

Ин порае аз нигоштаи академик, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод РАҲИМӢ доир ба пайкори вассофи сулҳу дӯстӣ Мирзо Турсунзода мебошад, ки дар зер матни пурраи он манзури хонандагон гардонида мешавад.

Барои миллати мо кору пайкори эҷодии фарзанди фарзонаи халқ, Қаҳрамони Тоҷикистон, ходими намоёни давлатӣ, барандаи чандин ҷоизаҳои миллӣ ва байналмилалӣ, шоири бузурги адабиёти муосири тоҷик, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1951) устод Мирзо Турсунзода намунаи олии садоқат ба Ватан, хидмат ба он, тараннуми сулҳу осоиши мардуми ҷаҳон ва шукуфоии ҳаёти кишвари азизамон будааст.

Мероси адабиву илмиву публитсистии шоири бузург, ки бар пояи суннатҳои устувору қавии адабиёти оламшумули гузаштаи миллии мо ва бо фарогирии дастовардҳои эҷодии адабиёти халқу миллатҳои гуногун офарида шудааст, оганда аз орзуву омол, шодиву сурур, ғаму дарди тамоми мардуми олам мебошад.
ЧАРОҒИ АБАДӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба кору пайкори вассофи сулҳу дӯстӣ Устод Мирзо Турсунзода
Бояд зикр кард, ки бузургдошту арҷгузории 110-умин солгарди шоири шаҳир ба рӯзҳое рост меояд, ки халқи саодатманди тоҷик бо роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бузургтарин ҷашни миллии хеш-30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил менамояд. Пешвои муаззами миллат дар асари пурарзиши илмии худ «Чеҳраҳои мондагор» овардаанд, ки «Мирзо Турсунзода ҳамнафасу ҳамқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва имрӯз низ бо осори пурмазмунаш ҳамзамони мост. Мирзо Турсунзода, пеш аз ҳама, шоири миллии халқи тоҷик аст».

Устод Мирзо Турсунзода аз рӯзҳои нахустини таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қадам ба қадам дар эъмори сохти нави ҳаёти мамлакат ва ҷомеаи он ширкати фаъолона дошта, яке аз бунёдгузорони илму адаб ва фарҳанги навини миллати мо мебошад. Аз соли 1946 то охири умри бобаракати хеш Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва котиби садорати Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ- яке аз бонуфузтарин ташкилоти давлати мазкур будааст, ки ба ягон адиби дигар чунин шараф насиб нашудааст. Обрӯ ва эътибори ӯ чун арбоби барҷастаи ҷамъиятӣ дар саросари кишвари Шӯроҳо маҳз ба туфайли Раиси Кумитаи Шӯравии якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо, узви Шӯрои умумиҷаҳонии сулҳ, узви фаъоли Кумитаи сулҳи Иттиҳоди Шӯравӣ, раиси Кумитаи сулҳи Тоҷикистон, сарояндаи камназири сулҳу амнияти халқҳои ҷаҳон, ҳаёти осоиштаи мардумони он гардиданаш будааст.

Мирзо Турсунзода ба ҳайси узви ҳақиқии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсиси он (1951) бо суханрониҳои илмӣ дар конфронсҳои нависандагони мамлакатҳои Осиё ва Африқо, симпозиумҳои байналмилалӣ ва мақолаҳои сершумори публитсистӣ ва адабии худ афкори олии ҳаётбахши сулҳу дӯстӣ ва озодии халқҳои ҷаҳонро аз асорати мустамликадорон, раҳоии онҳо аз зулму тааддӣ ва расидан ба истиқлоли миллӣ таблиғ менамояд. Дар мақолаи «Машъали сулҳ» (1958) мефармояд: «Ба ҳаракати озодихоҳии мардумони Шарқ дигар ҳеҷ чизе монеъ шуда наметавонад, чӣ тавре ки чизе наметавонад пеши роҳи омадани баҳорро гирад. Баҳор на танҳо дар рӯи замин, балки дар дили ҳамаи одамони сулҳҷӯ ҳукмронӣ хоҳад кард, чунки машъали ин баҳори сулҳро халқҳо ба дасти худ гирифтаанд».

Академик Фарҳод Раҳимӣ дар идома менависад, ки «дар тамоми осори ин шоири бузург аз нахустин маҷмӯаи ашъораш «Байрақи зафар», ки соли 1932 ба нашр расидааст, то охирин навиштаҳояш- хоҳ бадеӣ, хоҳ илмӣ ва хоҳ публитсистӣ бошанд, васфу ситоиши Ватани азиз мавҷ мезанад ва ин аз мавзӯъҳои аслӣ ва меҳварии шоири озода буда, аз ишқу алоқаи зиёдаш ба таърихи пурифтихору табиати бемонанди Тоҷикистон мебошад. Муҳимтарин хусусияти ашъори пеш аз ҷанги ҷаҳонии ӯ ҳамовозии шоир ба муборизони адолатҷӯйи ҷаҳон, инъикоси воқеаҳои муҳими байналхалқӣ буда, дар онҳо фитнаҳо ва макри фашистони тозазуҳур дар Испания маҳкум гардида (шеъри «Ба духтари Астурия-Долорес Ибарури, 1939»), ба таҷовузкориҳои самурайҳои японӣ дар кӯли Ҳасану (1938) дарёи Халхин Гол (1939) нафрин хонда, дар очерки «Кулфатзадагон» пуштибонии хешро аз муборизаҳои озодихоҳонаи мардуми Афғонистон ва Ҳиндустон баён доштааст. Аз муҳтавои шеъру ҳикоя ва очерку мақолаҳои нахустин оҳанги зафар, суруди шодӣ, ифтихору сурур аз ҳамаи он навигариҳои ҳаёт, худшиносӣ ва ҷӯшу хурӯши меҳнати озод эҳсос мешавад. Осори ин давра саршор аз рӯҳия ва огоҳиҳои шоири ҷавон аз табаддулоту тағйироти ҷаҳони он рӯзгор буд, ки ҳама барои ҷомеаи нави тоҷикон тоза ва ғайримуқаррарӣ ба ҳисоб мерафт, ки баъдан дар осори шоир ба яке аз мавзӯъҳои меҳварӣ ва асосии эҷодиёти ӯ табдил меёбанд.

Маҳорати эҷодии шоир пайваста такомул ёфта, баёни андешаҳои ӯ дар ибрози масъалаҳои умдаи адабӣ расотар ва каломаш пурҷозибаву дараҷаи истеъдод, вусъати доираи назар ва донишу малакаи адабии вай комил гашта, ба офаридани осори марғуб ва мондагори ғиноӣ ва ҳамосии тарҷеъбанди «Суруди ҷавонӣ» (1937), «Оҳанрабо» (1939), мухаммаси «Мамлакати тиллоӣ» (1939), «Дар сари тасвир» (1940), «Сарчашмаи мардонагӣ» (1942) ва «Фарзанди ту меояд» (1944), ғазалҳои «Хандида меояд» (1939), «Омад канал» (1940), «Ба раққоса» (1940) ва «Ҳаргиз» (1941), манзумаи «Водии Ҳисор» (1940), маснавии «Халқи далер» (1939) ва достони «Писари Ватан» (1942) муваффақ мегардад.

Ашъори ватандӯстона ва мавзӯи муҳаббат ба ёру диёр, ба сарзамини ниёгон ва ҳифзи арзишҳои инсонӣ ва маънавии гузаштагон махсусан дар навиштаҳои солҳои Ҷанги Бузурги Ватании шоир мақому ҷойгоҳи устувор пайдо мекунад. Муҳаққиқон ин ҳама пешравӣ ва дастовардҳои адабии шоирро, пеш аз ҳама, аз таъсиру нуфузи осори гаронмояи бузургони илму адаби гузаштаи тоҷик медонанд, ки устод бевосита дар омӯзиш, таҳқиқ ва табъу нашри он яке аз пешгомони давр будааст. Эҷоди драмаи манзуми «Хусрав ва Ширин» (1936) ва драмаи мусиқии «Шӯриши Восеъ» (1938-39 бо ҳамкории Абдусалом Деҳотӣ), либреттои «Тоҳир ва Зӯҳро» (1940), достони «Оби ҳаёт» (1939, бо ҳамқаламии Садриддин Айнӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Ҳабиб Юсуфӣ) гувоҳи ин маънӣ мебошанд. Дар ин гуна ашъор шоир мазмуну муҳтавои замони хешро дар қолабу анвои озмудаи адабиёти қадими мо, ки ҳам барои хонандагони он рӯзгор ва ҳам барои мухотабони ҳамзабони мо ошно буд, тавонистааст ба қалам бидиҳад, ки намунаи олии истифода аз мероси ғании ҷаҳонгири адабии мо дар шароити нав мебошад.

Ба ин мисраъҳои зерини шеъри шоир «Оҳанрабо» таваҷҷуҳ фармоед, ки аз зебоии онҳо ва таровати онҳо бо гузашти солҳо заррае кам нагардида, асолати хешро ҳифз намудаанд:

Он қадар дар дилписандӣ дилписанд астӣ, Ватан,
Дар сари тасвири ҳуснат кас намеёбад сухан.
Ҳеҷ дар дунё надорад рангу бӯятро чаман,
Аз ту дар осоишу роҳат бувад ҷон дар бадан.
Чунки инсонро фазои дилкушо гардидаӣ,
Халқ чун оҳан, ту чун оҳанрабо гардидаӣ.
Аз бароят ҷон диҳад инсон агар, арзандаӣ!
Синаро созад ба ҳифзат гар сипар, арзандаӣ!
Дар адои хизматат тозад ба сар, арзандаӣ!
Аз сарат пошанд мардум симу зар, арзандаӣ!
Чунки инсонро фазои дилкушо гардидаӣ,
Халқ чун оҳан, ту чун оҳанрабо гардидаӣ.

Мавзӯъ ва мундариҷаи ашъори шоир бо иштироки бевоситаи муаллиф ба корҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ ба ҳайси сарвари Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон густариш пайдо карда, доираи ҷаҳонбинӣ ва дарки шаҳрвандии ӯ амиқтар гардида, ба офаридани ашъоре дар мавзӯъҳои муҳими хориҷӣ, зиддиистеъморӣ, дастгирии ҷунбишҳои озодихоҳии мардумони Шарқ, хосса Ҳиндустон мепардозад. Шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон», «Боғи муаллақ», «Тара-Чандри», «Сайёҳи Ҳинд», «Тоҷмаҳал» ва «Дар орзуи ошён» аз ҳамин силсилаанд. Дар ин гуна шеърҳо мо дар баробари арзиши мазмуни онҳо ҳунари офаринандагии шоир, таҳаввулу такомули сохтории шеъри муосири тоҷикро мушоҳида мекунем, ки «таносуби комили шаклу мазмун, банду баст, оҳангу вазнро» дар бар дорад. Ин силсилаи ашъор дар таърихи адабиёти тоҷик ҳам аз нигоҳи муҳтаво ва ҳам аз лиҳози сохтор бесобиқа буда, аз ду бахш ва 13 шеър иборат аст. Қисмати аввал аз шаш шеър («Бозгашт», «Қиссаи Ҳиндустон», «Меҳмони мағрибӣ», «Рӯди Ганг», «Боғи муаллақ», «Тара-Чандри») иборат аст, ки соли 1947 ва бахши дувум аз ҳафт шеър («Дар ёди кас», «Сайёҳи Ҳинд», «Тоҷмаҳал», «Дар орзуи ошён», «Қадаҳи ман», «Кулоҳи профессор Ахвледиани», «Ду роҳ») иборат аст, ки соли 1978 таълиф шудаанд. «Онҳо аз оғоз то анҷом якдаст ва ҳамвор гуфта шуда, бо муъҷазиву равонии худ хонандаро мафтун мекунанд, эҳсосоти ранг ба ранги шоир-маҳзунию дилсӯзӣ, қаҳру нафратро дар худ доранд.

Мирзо Турсунзода дар силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» худро ҳамчун меъмори забардасте нишон додааст. Ӯ тарҳи ҳар як шеърро, беистисно, чунон устокорона ва чобуку чолок мураттаб сохтааст, ки касро бо таносуби комили хурдтарин ҷузъиёти худ ба ҳайрат меорад». Асарҳои баъдии шоир бо тамомии мазмуну мундариҷа ва сохтори хеш дар таърихи адабиёти навини тоҷик саҳифаҳои рангину зарринеро боз намуданд, ки муаллифи худро на танҳо дар кишвари Шӯроҳо, балки берун аз он- дар аксари кишварҳои Шарқу Ғарб соҳибшуҳрат намуданд. Дар асарҳои «Ман аз Шарқи озод», «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Ҷони ширин», «Аз Ганг то Кремл», «Садои Осиё» муаллиф тавону қудрати сухани манзумро, ки дар адабиёти тоҷик суннати беш аз ҳазорсола дошт, барои ҷаҳониён бори дигар исбот намуд, ки эътирофи бузургтарин шоирону нависандагони аҳди Шӯравӣ ва бузургони адаби кишварҳои дигар гувоҳи ин фикр мебошанд. Махсусан, ғояи сулҳхоҳии шоири бузург ва тарзи баёни наву тозаи он дар давраи пурҳодисаву ҳассоси замони шоир бисёр коргар ва муассир буданд, ки дар ин маврид манзумаи «Садои Осиё» барои тамоми муборизону озодихоҳони мардуми кишварҳои Шарқ ҳамовозӣ ва таъсири бештаре дошт.

Устод Турсунзода дар заминаи таҳқиқу пажӯҳиши масъалаҳои муҳиму рӯзмарраи илми адабиётшиносии тоҷик, нақди асарҳои бадеӣ ба сифати як олими воқеӣ ва аъзои ҳақиқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илми адабиётшиносӣ ва яке аз бунёдгузорони ин муассисаи бонуфузи илмии кишвар дар баргузории мулоқотҳои олимону адибони кишварҳои Осиёву Африқо, таҷлили ҷашнҳои байналмилалии бошукӯҳи 1100-солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 550-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 650-солагии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ва Симпозиуми байналмилали шеъри нав соли 1967 дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе доир гардида, яке аз сарварон ва гардонандагони ин маҳфилҳои бузурги илмӣ будааст.

Халқу миллати тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон аз ин фарзанди фарзонаи миллат бо арҷгузорӣ ёд намуда, хизматҳои адабию фарҳангӣ ва сиёсии ӯро дар таҳкими ватандӯстӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ, дар бунёди пояҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматҳои пурарҷаш дар равнақи адабиёти муосири тоҷик ва густариши дӯстии халқҳо ба инобат гирифта, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 майи соли 2001 ӯро бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонидааст.

Ҷомеаи илмӣ ва адабии кишвари азизамон бо ҳисси баланди ватандорӣ ва ифтихор аз бузургмардони миллат 110-солагии устод Мирзо Турсунзодаро таҷлил менамояд. Камина амалӣ гардидани орзуҳо ва ормонҳои ӯро дар амри шукуфоии ҳарчи бештари ватанамон, беҳбудии рӯзу рӯзгори мардуми шарафманди тоҷик, рушди илму фарҳанг, эҳёи суннатҳои бостонии миллӣ дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурии азизамон таманно менамоям ва мақолаи мазкурро бо навиштаҳои пурмеҳру самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки роҷеъ ба Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода дар асари арзишманди худ «Чеҳраҳои мондагор» дарҷ намудаанд, анҷом мебахшам. Пешвои муаззами миллат бо эҳсос ва ифтихори баланд ин шиорро барои арҷгузории абадӣ ба ин фарзонафарзанди миллат таъкид менамоянд: «Бигзор номи муборак ва осори арзишманди Мирзо Турсунзода ҳамчун қосиди сулҳи даврони мо аз насл ба насл ва аз аср ба аср идома ёфта, умри абадӣ ёбад. Бигзор каломи оташин, мавзун ва нобу шевои Мирзо Турсунзода қалби тамоми халқи тоҷик ва ҷаҳонро софу мунаввар ва чун оина пурҷило гардонад!».

Ба ифодаи устод Лоиқ Шералӣ:

Ёдгори Айниву ин кӯҳсорон зинда бод,
Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод!
Вернуться назад