Главная > Навидҳо > Иштирок ва суханронии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд дар ҷаласаи навбатии XLI Шӯрои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Иштирок ва суханронии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд дар ҷаласаи навбатии XLI Шӯрои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил


24-04-2021, 08:00.
Иштирок ва суханронии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд дар ҷаласаи навбатии XLI Шӯрои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Санаи 23 апрели соли равон ҷаласаи навбатии XLI Шӯрои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ба таври маҷозӣ) баргузор гардид. Тибқи рӯзномаи ҷаласа 7 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд низ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мақсади баргузории ҷаласа тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, мубодилаи таҷриба ва муайян намудани роҳҳои ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаи соҳа мебошад.

Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Вернуться назад