Главная > Навидҳо / Сайёҳӣ > «Тоҷикистонро ба сарзамини сайёҳии экологӣ табдил медиҳем!». Таҳти ин шиор маъракаи поксозии мавзеъҳои сайёҳгузар гузаронида шуд

«Тоҷикистонро ба сарзамини сайёҳии экологӣ табдил медиҳем!». Таҳти ин шиор маъракаи поксозии мавзеъҳои сайёҳгузар гузаронида шуд


28-04-2021, 11:22.

«Тоҷикистонро ба сарзамини сайёҳии экологӣ табдил медиҳем!»-таҳти ин шиор ҳафтаи равон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маъракаи поксозии мавзеъҳои сайёҳгузар доир гардид. Ҳашарҳои дастаҷамъонаи тозакунии мавзеъҳои сайёҳӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи ҳашарҳои ҷумҳуриявӣ ва чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор таҷлил намудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе гузаронида шуданд.

-Ҳадафи аслии тозакориҳо беҳдошти фазои экологӣ ва омодагиҳо ба қабули сайёҳон мебошад, иттилоъ медиҳад Кумитаи руши сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Бо паст гаштани шиддати паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 дар ҷаҳон гардиши сайёҳон ба ҷумҳурӣ марҳила ба марҳила зиёд гашта, ҷой доштани ҳар гуна партовҳои зиёд дар мавзеъҳои сайёҳгузар боиси озурдахотирии меҳмонону сайёҳони хориҷӣ мегардад. Аз ин рӯ, аз сокинони мамлакат хоҳиш карда мешавад, ки дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ободу тоза нигоҳ доштани ҳар гӯшаи диёр саҳми назаррас гузоранд, то меҳмонону сайёҳон бо таассуроти нек ба кишвари худ баргарданд. Ин иқдом яке аз роҳҳои беҳтарини таблиғот оид ба муаррифии имконияту иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ҷалби бештари сайёҳон мебошад.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ тадбири мазкурро мунтазам роҳандозӣ намуда, дар доираи он корҳои ободонӣ, созандагӣ ва тоза намудани мавзеъҳои сайёҳӣ гузаронида мешаванд.


Вернуться назад