Главная > Навидҳо > Вазорати рушди иқтисод ва савдо: Барои бартарафсозии оқибатҳои манфии COVID-19 ҳамкории минтақавиро бояд тақвият дод

Вазорати рушди иқтисод ва савдо: Барои бартарафсозии оқибатҳои манфии COVID-19 ҳамкории минтақавиро бояд тақвият дод


28-04-2021, 11:00.

Ҷаласаи 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои Осиё ва Уқёнуси Ором таҳти унвони «Барқарорсозӣ пас аз буҳрон дар асоси усули аз пештара ҳам беҳтар тавассути ҳамкории минтақавӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором» 26-27 апрел дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин хусус Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Тавре қаблан АМИТ “Ховар” иттилоъ дода буд, 26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи ҷаласа суханронӣ намуда, баргузории ҷаласаро бо назардошти таҳдидҳои муосир ва таъсири пандемияи коронавируси COVID-19, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон ҳанӯз ҳам идома дорад, хеле муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки имрӯз дар дунё кишвар ва соҳае нест, ки аз таъсири пандемияи COVID-19 эмин монда бошад. Рушди иқтисодӣ, буҷети давлатӣ, гардиши тиҷорати хориҷӣ, қурби асъори миллӣ ва фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии тамоми кишварҳои дунё аз таъсири манфии пандемия зарар дида истодаанд. Илова бар ин, пандемия омили ба таври бесобиқа боло рафтани сатҳи бекорӣ дар миқёси ҷаҳонӣ шудааст, ки метавонад кишварҳои мухталифро бо мушкилоти таъмини амнияти озуқаворӣ дучор гардонад.

Дар қисмати дуюми ҷаласа, ки 27 апрел доир гардид, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода доир ба ташаббусҳои роҳандозигардида ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфии COVID-19 ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва бартараф намудани оқибатҳои он сухан гуфт.

Абдураҳмонзода зикр кард, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба масъалаи мазкур якчанд тадбирҳои назаррас андешида шудаанд, ки дар натиҷаи он Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2020 82,5 миллиард сомонӣ ва рушди воқеии он 4,5 фоизро ташкил дод.

Зикр шуд, ки барои беҳтар намудани фазои иқтисодӣ ва низоми тиҷоратӣ, инчунин бартараф намудани оқибатҳои манфии COVID-19 ҳамкории минтақавиро бояд тақвият дод.
Вернуться назад