Главная > Навидҳо > То 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ВМКБ 9 пули мошингарду пиёдагард бунёд мешаванд

То 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ВМКБ 9 пули мошингарду пиёдагард бунёд мешаванд


28-04-2021, 09:18.

Дар доираи Лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ» дар болои дарёҳои ноҳияҳои Ванҷу Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони 9 пул бо суръату сифати баланд татбиқ мешавад.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар ин вилоят хабар медиҳад, дар доираи истиқболи сазовори ҷашни фархундаи миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раванди корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза касб кардааст.

Аз шумораи пулҳои мазкур як адади он дар ноҳияи Рӯшон ба истифода дода шуда, боқимонда дар ноҳияи Ванҷ сохта мешаванд. Ҳоло дар қисмати бештари иншооти ҳудуди ноҳияи Ванҷ корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд.

Пули рудхонаи «Ардобак» яке аз ин пулҳои мошингард буда, дарозии он 24 метр аст. Таҳкурсии пули мазкур як сол қабл гузошта шуда, то охири моҳи май ба истифода дода мешавад. Дар Ҷамоати деҳоти Техарви ҳамин ноҳия бунёди чор пул дар болои се дарё идома дорад, ки дарозии яке аз ин пулҳо 60 метр мебошад. Дар сохтмони ин пул 15 нафар коргарони маҳаллӣ машғули кор буда, бо маоши хуб таъмин мебошанд. Дар маҳали сохтмон ду корхонаи коркарди бетон ва сангу шағал фаъолият дошта, коргаронро сари вақт бо масолеҳи хушисифати маҳаллӣ таъмин менамоянд.

Пули дигар дар деҳаи Сед сохта мешавад, ки ҳоло 15 нафар бинокорони маҳаллӣ бо истифода аз панҷ техникаи пуриқтидор ба корҳои ҳамворкунии қабати поёни роҳҳои ба иншоот пайвастшаванда машғул мебошанд. Дарозии ин пул 24 метр буда, он солҳои шастуми асри гузашта сохта шудааст. Тӯли ин муддат бориши зиёд ба таҳкурсии он осеби ҷиддӣ расонидааст. Илова бар ин ҷангалзори ҳарду тарафи соҳили дарё низ қариб аз байн рафтааст. Аз ин рӯ тасмим гирифта шуд, ки ҳамзамон корҳои соҳилбандӣ аз ду тарафи пул бо дарозии 196 метр ба анҷом расонида шаванд. Дарозии роҳи мошингарде, ки ба пул пайваст мешавад, 360 метр аст ва ин масофаи роҳ низ таъмиру тармим мегардад.

Сардори Муассисаи давлатии «Бадахшонроҳ» Гулаёз Гулаёзов гуфт, ки «ин силсилапулҳои муосир аз баракати сулҳу субот, ваҳдати комили миллӣ ва сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат бунёд мегарданд. Умед аст, ки пулҳои мазкур дар рӯзҳои ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегиранд ва дар беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кӯҳистон кумаки бештар мерасонанд».
Вернуться назад