Главная > Навидҳо > Дар Ҳисор мумфаршкунии роҳҳо бомаром идома дорад

Дар Ҳисор мумфаршкунии роҳҳо бомаром идома дорад


27-04-2021, 09:23.
Соҳибкорон ва аҳолии кӯчаи Саъдии Шерозии маҳаллаи Ҳамадонӣ дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор ба мумфаршкунии кӯчаи худ иқдом намуданд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода иштирок карда, бо сокинони маҳалла суҳбат намуд. Мавсуф ба соҳибкорон, волидайни онҳо ва сокинон барои ободониву бунёдкорӣ дар маҳалла арзи сипос карда, аз ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, саҳми соҳибкорон дар бунёди иншооти ҳаётан муҳими иҷтимоӣ дар шаҳр ёдрас намуда, аз идомаи босуръати корҳо дар ин самт изҳори қаноатмандӣ намуд.

Зикр гардид, ки сокинони шаҳри Ҳисор дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат дар шаҳр беш аз 500 иншооти ҷашниро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ният доранд то таҷлили ҷашни пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ тамоми иншооти ҷашниро, ки теъдодашон 866 ададро ташкил медиҳад, ба истифода диҳанд.

Ин дар ҳолест, ки соли 2021 дар шаҳри Ҳисор Соли роҳҳои обод эълон гардида, дар доираи он роҳҳои кӯчаҳо, маҳаллаву деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот таҷдиду навсозӣ ва мумфарш мегарданд.

Ба мумфаршкунии роҳҳои маҳалла роҳсозони ҶДММ «Роҳи тоҷик» ва Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Ҳисор сафарбар гардида, азм доранд бо истифода аз асфалти хушсифат дар муддати кӯтоҳ мумфаршкуниро ба анҷом расонанд. Дар идомаи ин ташаббус ҳамчунин кӯчаи Баҳор, маҳаллаи Ҳамадонӣ ва қисме аз кӯчаҳои маҳаллаи Рӯдакӣ ба масофаи 8 километр мумфарш ва ҷӯю биноҳои маъмурию истиқоматии шафати роҳҳо таъмиру рангу бор карда мешаванд.
Вернуться назад