Главная > Навидҳо > Дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Ҳисор-Турсунзода аксияҳои «Тозагии роҳ» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуданд

Дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Ҳисор-Турсунзода аксияҳои «Тозагии роҳ» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуданд


24-04-2021, 10:12.

Дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Ҳисор-Турсунзода аксияи «Тозагии роҳ» ва дар Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, Деҳқонобод ва Дурбати шаҳри Ҳисор аксияи «Тозагии соҳил» доир шуданд, ки дар онҳо зиёда аз 320 нафар иштирок намуданд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки ин тадбирҳо бо мақсади дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тозаву солим гардонидани муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии шаҳри Ҳисор бо ҷалби васеи аҳолии шаҳр ва шахсони касбу кори гуногун гузаронида шуданд.

Дар аксияҳои «Тозагии роҳ» ва «Тозагии соҳил» ду тарафи ҷӯйборҳо аз ҳар гуна партовҳо тоза гардида, инчунин атрофи гулҳои мавсимӣ нарм карда шуданд. Дар маҷмӯъ 4,2 метри мураббаъ партовҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи марказии шаҳр интиқол дода шуданд.
Вернуться назад