Главная > Навидҳо > Дар Турсунзода бахшида ба Рӯзи байналмилалии Модар-Замин ҳамоиш доир шуд

Дар Турсунзода бахшида ба Рӯзи байналмилалии Модар-Замин ҳамоиш доир шуд


23-04-2021, 11:39.

22 апрел бо ибтикори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии Модар — Замин дар Муассисаи таълимии давлатии «Коллеҷи тиббии шаҳр Турсунзода» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода Лоиқ Раҳмонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар ҷамъомад мутахассисони ҳифзи муҳити зисти шаҳр доир ба таърих ва моҳияти ин санаи муҳими экологӣ сухан гуфтанд. Зикр шуд, ки истилоҳи «Модар-Замин» дар бисёр кишварҳо маъмулан пазируфта шуда, муносибати сайёра, экосистемаҳои он ва одамонро инъикос менамояд. Ин рӯз ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ дар сессияи 63-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2009 таъсис ёфта, аз соли 2010 инҷониб ҳамасола 22 апрел таҷлил карда мешавад.

Мақсад аз эълон намудани Рӯзи байналмилалии Модар – Замин ҷалб намудани таваҷҷуҳи сайёра ба тозаю озода нигоҳ доштан ва ҳифзи он мебошад. Рӯзи Модар-Замин аҳамияти фалсафӣ, тарбиявӣ, башардӯстӣ ва экологӣ дорад. Дар ин рӯз дар аксар кишварҳои дунё ташаббус ва иқдомҳои наҷиб оид ба ҳифзи табиат, ёдгориҳои табиӣ, гуногунии биологӣ ва экосистемаҳои табиӣ зоҳир карда мешаванд.

Таҷлили Рӯзи Модар – Замин тадбири бузурги байналмилалӣ буда, таваҷҷуҳи сокинони сайёраро ба он равона месозад, ки ҳар нафар вазифадор аст нисбат ба он ғамхорӣ намояд ва ҳар гӯшаи ин сайёраро барои наслҳои оянда тозаю озода ба мерос гузорад.

Ин аст, ки сокинони шаҳри Турсунзода пайваста пайи тозаю озода нигоҳ доштани муҳити шаҳр, аз партовҳо тоза намудани роҳу ҷӯйбор, каналҳои обгузар саъй намуда, аксияҳои тозагӣ доир менамоянд.

Дар ин рӯз дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр барои аз партовҳо ва ифлосиҳо тоза намудани муҳити зисти сокинон ҳашару аксияҳо гузаронида шуданд.
Вернуться назад