Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > МОҲИ ХАЙРУ ЭҲСОН. Ба 60 нафар оилаҳои ниёзманди ноҳияи Лахш кумаки якдафъаина расонида шуд

МОҲИ ХАЙРУ ЭҲСОН. Ба 60 нафар оилаҳои ниёзманди ноҳияи Лахш кумаки якдафъаина расонида шуд


19-04-2021, 09:59.

Дар моҳи шарифи Рамазон ба 60 нафар оилаҳои эҳтиёҷманди ноҳияи Лахш маводи озуқа ва маҳлулҳои антисептиқӣ тақдим намуданд, ки ин амали башардӯстона-дастгирии оилаҳои ниёзманд сабаби болидахотирӣ ва рӯҳбаландии сокинони ноҳия гардид.

Иқдоми мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии маъюбони ноҳия барои амалӣ гардонидани сиёсати иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Лахш Тоқтосун Роопов ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки соли равон баҳри беҳдошти вазъи саломатии маъбон ҷиҳати тавонбахшии онҳо 6 адад аробачаҳои маъюбӣ, 8 адад асобағал, 18 адад асои чӯбин, 1 адад дастгоҳи шунавоӣ, 9 адад асои то оринҷ ва 1 адад курсии маъюбӣ ба шахсони эҳтиёҷманд дастрас карда шуд.

Ҳамчунин дар ин давра ба 550 нафар ятимони куллу нимятим, 10 нафар шахсони маъюб, шахсони яккаву танҳо ва оилаҳои дорои ду ва зиёда маъюб ба маблағи 27 ҳазору 550 сомонӣ туҳфаҳои идонаю маҳсулоти хӯрокворӣ тақдим карда шуд.


Вернуться назад