Главная > Навидҳо / Истиқлолият > Дар Ҷамоати деҳоти Сангтӯда бинои шуъбачаи милитсия ифтитоҳ ёфт

Дар Ҷамоати деҳоти Сангтӯда бинои шуъбачаи милитсия ифтитоҳ ёфт


19-04-2021, 09:57.

Бо мақсади истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои шуъбачаи милитсияи деҳоти «Сангтӯда»-и Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар Ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара ифтитоҳ ёфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бинои мазкур аз як ошиёна иборат буда, дорои 5 ҳуҷраи кории муосир бо тарҳи замонавӣ мебошад. Он бо компютерҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки барои фаъолияти кормандон мусоид мебошад.
Ҳамчунин дар бинои навбунёд толори барҳаво бо 20 ҷойи нишаст бунёд карда шудааст, ки барои гузаронидани ҷамъомад хеле мувофиқ мебошад. Дар шуъбача 11 нафар кормандон фаъолият мекунанд.
Атрофи бинои мазкур чароғон ва ободу зебо гардонида шуда, дар он гулу буттаҳо ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шудаанд.

Бинои мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ бунёд гардида, зимни ифтитоҳи он муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Бароталӣ Ҳамидзода иштирок намуд.

Бароталӣ Ҳамидзода ҳайати шахсии шуъбачаро ба муносибати ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавӣ самимона табрик намуда, иброз дошт, ки кормандони мақомоти корҳои дохилиро зарур аст, дар ҷавоб ба дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти олии мамлакат ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба арзишҳои олии Ватан ба халқи худ хизмат намоянд.


Вернуться назад