Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Марҳилаи якуми сохтмони роҳи мошингарди Обигарм-Нуробод оғоз мегардад

Марҳилаи якуми сохтмони роҳи мошингарди Обигарм-Нуробод оғоз мегардад


18-04-2021, 09:55.
Марҳилаи якуми сохтмони роҳи мошингарди Обигарм-Нуробод оғоз мегардад
Марҳилаи якуми сохтмони роҳи мошингарди Обигарм – Нуробод, яъне бунёди қитъаи Обигарм – Тагикамар оғоз мегардад.Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ваколатдори ширкати чиноии «Hunan Road & Bridge Construction Group Company Limited» Луи Фей 12 апрели соли равон қарордоди татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи Обигарм – Нуробод, марҳилаи якум, яъне сохтмони қитъаи Обигарм -Тагикамар аз км 0+00 то км 30+217-ро имзо намуданд.

Лоиҳаи мазкур аслан аз се марҳила иборат буда, марҳилаи якуми он аз 30,2 км роҳи асосии Обигарм-Тагикамар аз км 0 то км 30+217 сохтмони 2 нақби дарозии 1,6 км ва 1,7км, сохтмони 5 пули нав ва таҷдиди 1 пул иборат аст.

Пас аз ба имзорасии шартнома вазири нақлиёт Азим Иброҳим аз ҳамкории густурда дар соҳаҳои мухталифи Тоҷикистону Чин ёдовар шуда, изҳор намуд, ки минбаъд низ чунин ҳамкории судманд идома ёфта, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати мазкур бо сифати баланд ва сари вақт ба анҷом хоҳанд расид.
Вернуться назад