Главная > Навидҳо > Муовини Вазири молияи Тоҷикистон бо муовини Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуд

Муовини Вазири молияи Тоҷикистон бо муовини Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуд


19-04-2021, 09:05.

Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини Вазири молия Юсуф Маҷидӣ бо муовини Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадалии Фараҳнокиён доир гардид.

Дар ин бора аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаи вусъат бахшидани ҳамкории мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла пайгирии иҷрои қарорҳои ҷаласаи 13-уми Комиссияи муштараки байниҳукумати Тоҷикистон ва Эрон ва омодагӣ ба ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии мазкур мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҳарду ҷониб омодагии худро ҷиҳати густариш додани ҳамкорӣ дар ҳамаи самтҳои афзалиятнок баён доштанд.


Вернуться назад