Главная > Навидҳо > Тоҷикистон ва БАТР Созишнома оид ба пешниҳоди кафолати маблағгузории лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе»-ро ба имзо расониданд

Тоҷикистон ва БАТР Созишнома оид ба пешниҳоди кафолати маблағгузории лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе»-ро ба имзо расониданд


15-04-2021, 11:55.

14 апрел дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба пешниҳоди кафолати маблағгузории лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» дар ҳаҷми 11,1 млн доллари амрикоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расонида шуд.

Тавре аз Вазорати молия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Созишномаи мазкурро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд – Роҳбари Намояндагии Бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Айтен Рустамова ба имзо расониданд.

Лоиҳа дар ҳудуди шаҳри Душанбе амалӣ гардида, дар доираи татбиқи он корҳои таҷдиду навсозии шабакаҳои барқии шиддати миёна ва паст, насби ҳисобкунакҳои электронӣ ва дигар таҷҳизоти ба он алоқаманд, инчунин сохтмону барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии 110 кВ пешбинӣ карда шудааст.

Татбиқи лоиҳаи мазкур аз нимаи дуюми соли 2021 оғоз гардида, соли 2025 ба анҷом мерасад.

Ҳадаф аз амалӣ гардидани лоиҳа муайян намудани сатҳи воқеии талафоти ғайримеъёри қувваи гармии интиқолшаванда дар миқёси шаҳри Душанбе, камхарҷ намудани арзиши истеҳсолии қувваи гармӣ, коҳиш ёфтани миқдори садамаҳо дар шабакаҳо ва ба ин васила баланд бардоштани даромаднокии он мебошад.
Вернуться назад