Главная > Навидҳо / Истиқлолият > Дар ноҳияи Шаҳритус бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон якчанд иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд

Дар ноҳияи Шаҳритус бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон якчанд иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд


14-04-2021, 08:26.

Тавре қаблан хабар додем, Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафари корӣ аз ноҳияҳои вилояти Хатлон боздид намуд.

Сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Умед Муродов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, ки 13 апрел Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бинои меҳмонхона ва маркази савдои замонавӣ дар маркази ноҳияи Шаҳритусро, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Ҳусейн Низомов бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар шоҳроҳи кӯчаи асосии маркази ноҳияи Шаҳритус ҷойгир шудааст. Масоҳати умумии бино 2000 метри мураббаъро ташкил дода, аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Меҳмонхона барои 20 рахти хоб буда, дар он маркази савдо бунёд карда шудааст. Меҳмонхонаи мазкур метавонад барои сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ хизмат расонад.

Бо бунёд гардидани Маркази хизматрасонӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.


Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Шаҳритус аз ҷараёни истифодаи самараноки замин дар хоҷагии деҳқонии «Хуршед»-и деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳия дидан намуданд.

Хоҷагии деҳқонии «Хуршед»-ро Элмурод Мамараҳимов роҳбарӣ намуда, бо 5 нафар саҳмдор аз оилааш меҳнат мекунанд. Хоҷагии мазкур дорои 7,5 гектар замин буда, деҳқонон ба парвариши кишти пахта, гандум ва дигар сабзавот машғул мебошанд.

Айни замон дар 3 га кишти чигитро дар муҳлати кӯтоҳ гузаронида, дар 1,5 га картошка кишт намудаанд, ки нашъунамои хуб дорад.

Хоҷагидорон дар масоҳати 0,5 га маккаи дон, 0,5 га сирпиёз ва дар масоҳати 2 га пиёзи барвақтӣ кишт намуда, айни ҳол ба коркарди агротехникӣ машғуланд.


Дар идомаи боздид Сарвазири мамлакат бо гурӯҳи корӣ аз ҷараёни корҳои сохтмони бинои бисёрвазифавӣ, воқеъ дар деҳаи Бинокори Ҷамоати деҳоти Обшорон, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Оятулло Раҳматуллозода сохта шуда истодааст, шинос шуданд.

Бинои мазкур аз меҳмонхона, толори варзишӣ, толор барои тӯю маъракаҳо, ҳаммом ва маркази хизматрасонии замонавии бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёдшуда иборат буда, сохтмонаш имсол ба анҷом мерасад. Баъди ба истифода додани иншооти мазкур 60 нафар сокинон соҳиби ҷойи кор мегарданд.

Саҳни ҳавлӣ сафолакпӯш карда шуда, ободу зебо гардонидани муҳити атроф, чароғонкунӣ, шинонидани гулу гулбутта ва ниҳолҳои дарахтони сояафкану ороишӣ идома дорад.


Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34, воқеъ дар деҳаи Б.Қаробоеви Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳия боздид намуданд.

Сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ сохта, ба истифода дода мешавад.

Бинои мазкур 2 ошёна буда, масоҳати умумии бино 0,20 га-ро ташкил менамояд. Дар иншооти нав ҳамчунин утоқҳои кории директори муассиса, хонаи омӯзгорон ва синфхонаҳои фаннӣ ҷойгир карда шудаанд.

Фармоишгари бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пудратчии иншооти мазкури ҶДММ “Таъмири сохтмон-82” мебошад. Иншооти мазкур барои 480 ҷойи нишаст дар 2 баст сохта мешавад ва тибқи нақша, имсол ба истифода дода мешавад. Дар сохтмони он 15-20 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.


Вернуться назад