Главная > Навидҳо / Тоҷикистон / Истиқлолият > Сарвазири мамлакат ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон сафари корӣ намуд

Сарвазири мамлакат ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон сафари корӣ намуд


13-04-2021, 12:15.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон, ки имрӯзҳо бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дидан намуд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар оғози сафар Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҳайати гурӯҳи корӣ дар Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқули ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Масоҳати умумии бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқули ноҳия 0,22 га буда, аз 2 ошёна бо таҳхона​ ва аз 18 утоқи корӣ, ​ 1 адад толори хурд барои баргузории маҷлисҳо иборат аст.

Фармоишгари бинои маъмурӣ Кумитаи заминсозӣ ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ ҶДММ «Иморат-сохтмон» мебошад.

Зикр шуд, ки зимни корҳои сохтмонӣ аз 20 то 30 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Атрофи бинои мазкур чароғон ва ободу зебо гардонида шуда, гулу буттаҳо ва ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудааст.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки имрӯз бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода якчанд иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Вернуться назад