Главная > Навидҳо > Тоҷикистон имсол мизбони барномаҳои сатҳи баланд ва бонуфузи сайёҳӣ мегардад

Тоҷикистон имсол мизбони барномаҳои сатҳи баланд ва бонуфузи сайёҳӣ мегардад


13-04-2021, 12:00.

Соли равон Тоҷикистон мизбони чандин барномаҳои сатҳи баланди сайёҳӣ, ба мисли Форуми байналмилалии рушди агротуризм, дар доираи таҷлили 20 — солагии Созмони ҳамкории Шанхай ташкили форуми сайёҳии СҲШ, ҷаласаи вохӯрии роҳбарони маъмурияти сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ, фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои СҲШ, дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе — пойтахти сайёҳии ЭКО барои солҳои 2020-2021 гузаронидани Фестивали байналмилалии «Душанбе-пойтахти сайёҳии ЭКО» мегардад, ки ба нуфузи соҳаи сайёҳии кишвар таъсири баланд мегузорад.

Дар ин бора зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар се моҳи аввали соли равон иттилоъ дода шуд.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовара Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Тоҷиддин Ҷӯразода зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди сайёҳӣ аҳамияти махсус зоҳир менамояд ва дар ин замина бо мақсади тавсеаи инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконият ва захираҳои сайёҳии мамлакат ба оламиён тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида мешаванд.

Ҳамзамон Тоҷиддин Ҷӯразода иброз кард, ки соли равон барои кишвари мо воқеан соли таърихист. Таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли охирини Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фаъолияти пурсамарро ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабиниҳои банақшагирифта тақозо менамоянд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ низ барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди муаррифи симои сайёҳии Тоҷикистон масъул мебошад.Аз ин рӯ, масъулини соҳаро дар маҳал зарур аст, ки барои ба даст овардани дастовардҳои назаррас ҷиҳати таъмини рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ дар самтҳои марбута, сари вақт пешниҳод намудани таҳлилҳо, ташвиқи хатсайрҳои сайёҳӣ аз ҷониби ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ, вазъи тозагии мавзеъҳои сайёҳӣ, тарғиби имконияти сайёҳии шаҳру ноҳияҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, таъмини иҷрои супоришҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ ва таҳияи босифати санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба фаъолияти худ тақвият бахшанд.
Вернуться назад