Главная > Навидҳо / Тоҷикистон / Сайёҳӣ > Тоҷикистон тасмим дорад ба рушди соҳаи сайёҳӣ кумакҳои техникии Ҳукумати Японияро ҷалб намояд

Тоҷикистон тасмим дорад ба рушди соҳаи сайёҳӣ кумакҳои техникии Ҳукумати Японияро ҷалб намояд


9-04-2021, 09:47.

Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Япония дар бахши сайёҳӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшита дар Душанбе баррасӣ гардид.

Дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ табодули афкор сурат гирифт, иттилоъ медиҳад Кумитаи рушди сайёҳии назди Хукумати ҷумҳурӣ.

Сафири Япония ҳавасмандии кишварашро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии таърихӣ, фарҳангӣ, экологӣ ва солимгардонӣ изҳор намуд.

Зикр шуд, ки ба роҳ мондани омӯзиши мутахассисони тоҷик дар самти идоракунӣ, технологияи иттилоотӣ, рушди соҳибкорӣ ва сайёҳӣ идомаи равобити муштараки илмию фарҳангии ду кишвари бо ҳам дӯст мебошад.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи пешрафтаи Япония дар соҳаи сайёҳӣ пешниҳод намуд, ки барои рушди соҳа кумакҳои техникии Ҳукумати Япония ҷалб карда шуда, имконияти мулоқоти маҷозии ширкатҳои сайёҳии ҷонибҳо баррасӣ мешавад. Ҷониби Япония пешниҳодро ба хушӣ пазируфта, барои иқдомҳои муштарак дар ин самт изҳори омодагӣ намуд.

Мулоқот дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.
Вернуться назад