Главная > Навидҳо > Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Озарбойҷон барои солҳои 2021-2022 барномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Озарбойҷон барои солҳои 2021-2022 барномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд


30-03-2021, 19:50.

30 март дар Душанбе дар ҳошияи Конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов сурат гирифт.

Дар мулоқот бо Ҷайҳун Байрамов масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва фарҳангию гуманитариро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба равобити ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Мусоҳибон ба тавофуқ расиданд, ки бо талошҳои вазоратҳои корҳои хориҷӣ рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаро ғанӣ гардонанд.

Пас аз анҷоми мулоқот маросими имзои Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон барои солҳои 2021-2022 баргузор гардид.


Вернуться назад