Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар назди Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар назди Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт


29-03-2021, 14:42.

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ба Майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар назди Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғаниро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳамроҳӣ намуд.

Бояд тазаккур дод, ки субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар Нуҳумин конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Имрӯз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Раиси Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назар аст.
Вернуться назад