Главная > Навидҳо > Душанбе мизбони ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ мешавад

Душанбе мизбони ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ мешавад


15-03-2021, 15:10.

17 март дар Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад, ки дар он масъалаҳои мубрами марбут ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии ду давлат матраҳ мегарданд.

Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ҳайати Қазоқистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Роман Скляр ба Душанбе ташриф овардаанд.

Инчунин интизор меравад, ки пагоҳ дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардад, ки дар он масъалаҳои муҳими тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар бахши иқтисоду тиҷорат баррасӣ мешаванд.

Баргузории ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Душанбе дар ҳолест, ки 14 март байни Тоҷикистон ва Қазоқистон баъд аз як соли таваққуф дар иртибот ба бемории COVID-19 ва эълон гардидани пандемия парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар масири Душанбе- Алмаато аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Қазоқистон «Air Astana» ба роҳ монда шуданд.
Вернуться назад