Главная > Навидҳо / Тоҷикистон / Истиқлолият > БМТ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 20-солагии таъсиси СҲШ тангаҳои ҷашнӣ ба муомилот мебарорад

БМТ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 20-солагии таъсиси СҲШ тангаҳои ҷашнӣ ба муомилот мебарорад


9-03-2021, 15:35.

Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-умин солгарди таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/ тасмим гирифтааст, ки тангаҳои ҷашниро аз металлҳои қиматбаҳо ба муомилот барорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай рамзҳои таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-умин солгарди СҲШ-ро тасдиқ кардааст. Ин рамзҳо ҳангоми таҳияи тангаҳои ҷашнӣ истифода мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

«Тангаҳоро метавон ҳамчун туҳфаҳои хотиравӣ ва туҳфаҳо барои меҳмонони Тоҷикистон истифода намуд. Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам тангаҳои ҷашниро аз металлҳои қиматбаҳо ба ифтихори санаҳои таърихӣ, арбобони давлатӣ, инчунин ба ифтихори чорабиниҳои муҳими ҷамъиятӣ ва давлатӣ ба муомилот мебарорад. Аз ҷумла, ба ифтихори 10-умин ва 20-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон, ба ифтихори тамаддуни ориёӣ, ба ифтихори 2700-солагии Кӯлоб, ба ифтихори 800-солагии Ҷалолиддини Балхӣ, ба ифтихори 5500-солагии Саразм, ба ифтихори 3000-солагии Ҳисор, ба ифтихори Бозиҳои олимпӣ дар Сочи, ба ифтихори 90-солагии Душанбе ва ба ифтихори оғози сохтмон НБО «Роғун» тангаҳои ҷашнӣ ба муомилот бароварда шудаанд», — тавзеҳ медиҳад манбаъ.
БМТ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 20-солагии таъсиси СҲШ тангаҳои ҷашнӣ ба муомилот мебарорадБМТ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 20-солагии таъсиси СҲШ тангаҳои ҷашнӣ ба муомилот мебарорад
Вернуться назад