Главная > Навидҳо > Тоҷикистон ва Украина вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорииро баррасӣ намуданд

Тоҷикистон ва Украина вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорииро баррасӣ намуданд


6-03-2021, 11:42.

4 март дар Киев мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Вазири рушди иқтисод, тиҷорат ва кишоварзии Украина Игор Петрашко доир гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишварзӣ, нақлиёту транзит, сайёҳӣ ва маорифро баррасӣ намуданд.

Иҷрои Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва омодагӣ ба баргузории ҷаласаи навбатии Комиссия дар соли ҷорӣ дар Душанбе, инчунин масъалаи барқарор намудани парвозҳои мунтазам байни пойтахтҳои ду кишвар дар меҳвари мулоқот қарор дошт.


Вернуться назад