Главная > Навидҳо / Тоҷикистон / Фарҳанг > БЕҲТАРИН ҲАДЯ-КИТОБ АСТ! Нашриёти «Адиб» ба шарафи Рӯзи Модар намоиш-фурӯши китобҳои тозанашрро доир менамояд

БЕҲТАРИН ҲАДЯ-КИТОБ АСТ! Нашриёти «Адиб» ба шарафи Рӯзи Модар намоиш-фурӯши китобҳои тозанашрро доир менамояд


3-03-2021, 09:39.

Бахшида ба Рӯзи Модар Муассисаи нашриявии «Адиб» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 марти соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри адибони классику муосири тоҷику форсро доир менамояд.

Тавре директори Нашриёти «Адиб» Давлат Сафар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, «дӯстдорони китоб аз ин намоиш-фурӯш метавонанд асарҳои писандидаи худро бо нархҳои арзон дастрас намоянд. Аз ҷумла, имрӯз китобҳои тозанашри силсилаи «Ахтарони адаб», ҷилдҳои 43, 44, 45 ва 46, ҷилдҳои 39, 40, 41 ва 42-и «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Мунтахабот»-и Садриддин Айнӣ, «Мунтахаби осор»-и Абулқосим Лоҳутӣ, «Чароғи лола»-и Муҳаммад Иқбол, «Шаҳсутун»-и Абдулҳамид Самад, «Дасти дуои модар»,-и Лоиқ Шералӣ, «Ҷаҳони маънавии Чингиз Айматов», «Кӯҳсоро, Кӯҳзод»-и Абдуғаффор Абдуҷаббор, «Парвона зинда аст»-и Озарахш, «Арғунуни офтоб»-и Фарзона, «Оини ноз»-и Шоҳона, «Дафтари рубоӣ»-и Муҳтарам Ҳотам, «Шеър чист? Шоир кист?», «Оинаи ломакон», -и Камол Насрулло, «Ҳазор байт»-и Рустам Ваҳҳоб, «Оҳи ашк»-и Муҳаммад Иқбол», «Тарозуи чашм»,-и Давлат Сафар, «Ишқи сархӯр»,-и Кароматулло Мирзо, «Фасли орзуву андеша»,-и Зулфия, «Гулбоғи рубоӣ»,-и Раънои Мубориз «Афсонаҳои халқҳои ҷаҳон» ва китобҳои устодон Муъмин Қаноат, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир манзури иштирокдорон мегарданд».

Ҳамчунин иштирокдрон имкон доранд, ки дар китобҳои харидаашон адибон соядаст гузошта, бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик аз наздик шинос ва ҳамсуҳбат шаванд. Шефтагони китоб инчунин метавонанд доир ба китобҳои тозанашр маълумоти муфассал пайдо намоянд.


Вернуться назад