Главная > Навидҳо > Муовини сиёсии вазири корҳои хориҷии Афғонистон Мирвайс Ноб аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд

Муовини сиёсии вазири корҳои хориҷии Афғонистон Мирвайс Ноб аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд


2-03-2021, 15:20.
Имрӯз муовини сиёсии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мирвайс Ноб, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ҳамроҳ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммадзоҳир Ағбар ва дигар ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.

Шахсони масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон меҳмононро истиқбол гирифта, аз ҷониби роҳбаладон ба онҳо дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мирвайс Ноб бо ҳайати кории худ бо осори гаронарзиш ва мероси гузоштаи миллати тоҷик, аз ҷумла бозёфтҳои ёдгориҳои давраҳои гуногуни таърихӣ- шурӯъ аз асри санг давра ба давра то замони муосир, ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дастовардҳои замони истиқлол шинос гардиданд.

Баъд аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон меҳмонон бо изҳори хушҳолӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти хешро дарҷ намуданд.


Вернуться назад