Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > 50 нафар муҳассилини Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд ба даври финалии Олимпиадаи байналмилалии «IMAC – online» роҳхат гирифтанд

50 нафар муҳассилини Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд ба даври финалии Олимпиадаи байналмилалии «IMAC – online» роҳхат гирифтанд


1-03-2021, 10:30.

50 нафар муҳассилини Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ба даври финалии Олимпиадаи байналмилалии «IMAC – online»-и давлати Англия роҳхат гирифтанд.

Тавре аз маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, даври якуми Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика «IMAC – online» тариқи фосилавӣ дар Англия баргузор гардида, дар он 60 нафар хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд аз рӯи се категорияи синну солӣ иштирок намуданд.

Дар натиҷаи эълони расмии Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи «IMAC – online» аз 60 нафар хонандагони Литсей 50 нафарашон барои иштирок ба даври финалии олимпиада, ки 8 майи соли равон баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.

Дар Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд кор бо хонандагони болаёқат ва гурӯҳҳои олимпӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Ба ҳаракати олимпии литсей 150 хонанда шомиланд. Дар соли хониши 2020-2021 хонандагони болаёқати литсей дар 6 олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, ба 4 озмуни сатҳи ҷаҳонӣ аз фанҳои дақиқ ва забономӯзӣ омодагӣ мебинанд.

Ба иттилои директори Литсей Сурайё Негматова, соли хониши 2020-2021 толибилмон дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ дар кишварҳои Таиланд, Туркия, Федератсияи Россия иштирок намуда, 39 медал – 22 медали тилло, 8 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ ба даст оварданд.


Вернуться назад