Главная > Навидҳо > Муовинони якуми вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мулоқот намуданд

Муовинони якуми вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мулоқот намуданд


26-02-2021, 14:53.

26 феврал ба таври видеоконфронс мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ намуда, роҷеъ ба мушорикати ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карданд.


Вернуться назад