Главная > Навидҳо / Фарҳанг > Моҳи апрел дар Тоҷикистон мавсими тамошои намоишҳои театрҳои касбӣ оғоз меёбад

Моҳи апрел дар Тоҷикистон мавсими тамошои намоишҳои театрҳои касбӣ оғоз меёбад


24-02-2021, 10:15.

Аз 3 апрели соли равон мавсими тамошои намоишҳои театрҳои касбӣ аз ҷониби кормандони вазорату кумитаҳо ва идораву корхонаҳои давлатӣ оғоз мегардад.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ доданд, тамошои намоишҳои театрҳои касбӣ аз ҷониби кормандони вазорату кумитаҳо ва идораву корхонаҳои давлатӣ дар ду мавсим доир мегардад.

Дар мавсими аввали он спектаклҳо рӯзҳои 3, 10, 17, 24 апрел, 8, 15 май ва 12 июни соли равон дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов, Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов ва Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский ба саҳна гузошта мешаванд.

Мавсими дуввуми намоиши спектаклҳо 2, 9, 16, 23, 30 октябр дар театрҳои болозикр доир мешавад.

Ба гуфти масъулин, дар репертуари театрҳо соли равон намоиши асарҳои нави саҳнавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин нимаи дуюми моҳи майи соли равон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ- «Парасту-2021» баргузор мегардад, ки тӯли як ҳафта мухлисони театрӣ метавонанд аз намоишҳои озмунӣ ба таври ройгон бархурдор гарданд.

Таҳияи асарҳои нав дар репертуари муассисаҳои театрӣ аз моҳи апрел тартиб дода шудааст.

Дар ин давра намоишҳои зиёде, аз қабили «Хостгорӣ»-и Антон Чехов, «Гунҷишкакон ҳам механданд»-и Кароматуллои Мирзо, «Гамлет»-и У. Шекспир, «Хусрав ва Ширин»-и А. Мӯсоев, «Исфандиёр»-и А. Фирдавсӣ, «Қиссаи ғамгину рангин»-и Тӯрахон Аҳмадхонов, «Туҳфа аз муҳоҷират»-и Шодӣ Солеҳ, «Хонума»-и А. Тсагерали, «Комде ва Мадан»-и Зиёдулло Шаҳидӣ, «Ватандорӣ»-и Лоиқ Шералӣ ва ғайраҳо ба саҳна гузошта мешаванд.

Дӯстдорони санъати театрӣ метавонанд аз намоишҳои омоданамудаи ҳунармандони тоҷик ҳаловат баранд.
Вернуться назад