Главная > Навидҳо > Маҳмадтоир Зокирзода: Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи истиқлоли давлатӣ буда, ҳимоятгари Ватан ва сулҳу суботанд

Маҳмадтоир Зокирзода: Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи истиқлоли давлатӣ буда, ҳимоятгари Ватан ва сулҳу суботанд


22-02-2021, 12:37.

28 сол барои бунёди артиши тавоною озмоишдида муҳлати кӯтоҳ аст, вале давлати мо зери Сарварии Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин муддат дар ин ҷодаи пуршебу фароз ба дастовардҳои назаррас ноил гашт ва ин албатта, самараи хизмати софдилонаю содиқонаи фарзандони баору номуси Тоҷикистони азиз аст.

Ин нуктаро имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни суханронӣ дар ҳамоиш бахшида ба ин ҷашни муборак баён кард. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Маҳмадтоир Зокирзода вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони дастгоҳи ин мақоми олии қонунбарори кишварро ба ифтихори солгарди навбатии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ ва дар адои хизмати ҳарбӣ ба манфиати Тоҷикистон муваффақият орзу намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки «тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар ҷашни 10-солагии ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда буданд: «Хизмат кардан ба Ватан, аслан хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули меҳнати осоишта аст. Зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддасест, ки бидуни онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад».

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи истиқлоли давлатӣ буда, ҳимоятгари воқеии истиқлоли Ватан, амнияти кишвар ва сулҳу суботи мамлакат мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои боз ҳам баланд бардоштани қудрати мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мушкил таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва имрӯз ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гаштааст.

Натиҷаи заҳмату хизматҳои ҳомиёни далеру шуҷои Ватан мебошад, ки имрӯзҳо мардуми шарифи кишвар рӯзи таърихии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллии мо ба ҳисоб меравад, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани озоду соҳибихтиёрамон таҷлил мекунанд.

Зикр шуд, ки ҳомиёни Ватан бо садоқати бепоён нисбат ба давлату миллат минбаъд низ баҳри таҳкими интизоми ҳарбӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва баланд гардидани қобилияти ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва иқтидори мудофиавии кишвар талош хоҳанд кард.
Вернуться назад