Главная > Навидҳо > Лоиҳаи Қонун «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» баррасӣ гардид

Лоиҳаи Қонун «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» баррасӣ гардид


22-02-2021, 12:34.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат 18 марти соли 2020 бо мақсади рушди илми ватанӣ вобаста ба шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ ва муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар таҳрири нав таҳия гардида, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Ин матлабро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, баён намуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур аз 7 боб ва 33 модда иборат буда, дар он ваколатҳо, вазифаҳо, мақом, ҳайат ва сохтори ташкилӣ, имтиёзҳо, самтҳои фаъолияти Академияи миллии илмҳо вобаста ба тағйироти дар сохтор ва номи он бавуқӯъомада мушаххас гардидаанд.

Дар ҷаласаи Шӯро иловатан “Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд“ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баррасии созишномаи мазкур таъкид гардид, ки ҳадафи лоиҳа барқарор намудан ва зиёд кардани иқтидори истеҳсолии шаш гидроагрегати НБО „Норак“ ва баланд бардоштани самаранокии онҳо мебошад.
Вернуться назад