Главная > Навидҳо / Истиқлолият > Дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Айнӣ коргоҳи дӯзандагӣ бо 30 ҷои кор таъсис дода мешавад

Дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Айнӣ коргоҳи дӯзандагӣ бо 30 ҷои кор таъсис дода мешавад


17-02-2021, 10:01.

Бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкори маҳаллӣ, сардори маркази занони Ташкилоти ҷамъиятии “Кӯҳсор” Гулчеҳра Ҳасанова тасмим гирифтааст, ки дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Айнӣ коргоҳи дӯзандагӣ бо 30 ҷои кор таъсис диҳад. Мақсад аз таъсиси коргоҳи дӯзандагӣ коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари бонувон ба шуғл мебошад.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, коргоҳи дӯзандагӣ аз 4 ҳуҷра ва 3 толори калон иборат буда, он бо 30 дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳазонида мешавад. Коргоҳи мазкур дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз мавриди истифода қарор гирифта, дар он беш аз 30 нафар бонувону ҷавондухтарон бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Ба зикри соҳибкор Гулчеҳра Ҳасанова, кормандон метавонанд дар ин коргоҳи дӯзандагӣ ҳар гуна либос, аз ҷумла либос барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ, барои омӯзгорон ва кӯрпача омода намоянд.

“Дар оянда нақша дорам, ки барои духтарон ва занон курсҳои омӯзишӣ ба роҳ монда, ба ин васила ба коҳиш додани сатҳи бекорӣ миёни бонувон ва таъмини сокинон бо либоси баландсифати корӣ саҳми арзанда гузорам. Инчунин дар нақша аст, ки дар ин марказ курсҳои омӯзишии забонҳои русӣ ва англисиро роҳандозӣ намоем”,- гуфт Гулчеҳра Ҳасанова.


Вернуться назад