Главная > Навидҳо / Истиқлолият > ДАРАХТ БИНШОН! Дар Айнӣ беш аз 250 бех ниҳолҳои сояафкан ва арчаи навъи тӯякӣ шинонида шуданд

ДАРАХТ БИНШОН! Дар Айнӣ беш аз 250 бех ниҳолҳои сояафкан ва арчаи навъи тӯякӣ шинонида шуданд


15-02-2021, 13:12.

Дар ноҳияи Айнӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардида, дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок ва ду тарафи роҳи ноҳияҳои Кӯҳистони Масчоҳ-Айнӣ беш аз 250 бех ниҳоли сояафкану арчаи навъи тӯякӣ шинонида шуданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, маъракаи ниҳолшинонӣ ва хуррамгардонӣ бо мақсади ободу зебо ва сабзу хуррам гардонидани мамлакат дар доираи истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар он кормандони сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Ҳафтаи сипаришуда аз тарафи сокинон ва кормандони муассисаву ташкилоти шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ дар ин мавзеъ 500 бех ниҳолҳои сояафкани арчаи навъи тӯякӣ ва можавелник шинонида шуданд. Иқдоми мазкур минбаъд низ идома ёфта, дар назар аст дар оянда дар минтақаҳои мувофиқ дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шаванд.

Ёдовар мешавем, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат ёфта, сокинон бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватан диёри хешро сабзу хуррам мегардонанд.
Вернуться назад