Главная > Навидҳо / Истиқлолият > Дар Ҷамоати шаҳраки Муъминобод ҳаммоми замонавӣ бунёд мешавад

Дар Ҷамоати шаҳраки Муъминобод ҳаммоми замонавӣ бунёд мешавад


15-02-2021, 10:27.

Ба муносибати ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Чорсуи Ҷамоати шаҳраки Муъминобод корҳои сохтмони иншооти муҳими хизматрасонӣ- ҳаммоми замонавӣ аз ҷониби шахси ҳимматбаланд Шералӣ Амиршоев барои сокинони маҳаллаҳои ҷамоати мазкур ҷараён доранд.

Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод Бахтовар Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Иншооти мазкур дар остонаи ҷашни фархундаи миллӣ- 30- солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардории сокинони маҳалла қарор мегирад. Бинои ҳаммом дуошёна буда, дар ошёнаи якуми он ҳаммоми замонавии занонаву мардона ва дар ошёнаи дуюм маркази хизматрасонӣ ҷой мегиранд.
Вернуться назад