Главная > Навидҳо / Тоҷикистон / Истиқлолият > Дар Кӯлоб бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласа доир шуд

Дар Кӯлоб бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласа доир шуд


15-02-2021, 10:26.

13 феврал дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода оид ба корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа доир карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилооти раиси шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо шахсони масъул оид ба сохтмони иншооти нотамом дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳр, таъмири роҳҳои байни деҳаҳо, ба тартиб даровардани атрофи иншоот, хонаҳои баландошёна ва назди ҳавлиҳо, гулу ниҳолшинонӣ дар кӯчаҳои шаҳр ва деҳот, равшаннамоии кӯчаҳои шаҳр, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, аз байн бурдани бегонапарастӣ ва дигар масоили муҳим суҳбат намуда, дастур дод, ки дар якҷоягӣ корбарӣ намуда, корҳои сохтмониро дар иншооти нақшавӣ ҳамаҷониба ба роҳ монанд.

Аз гурӯҳҳои корӣ талаб карда шуд, ки ба тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр ва тартиби шаҳрдориро риоя намудани сокинон диққати ҷиддӣ дода, аҳолиро дар рӯҳияи ободкорӣ раҳнамоӣ кунанд.

А. Раҳмонзода ва А. Вализода изҳор намуданд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои шаҳру деҳоти Кӯлоб бояд ба куллӣ тағйир дода шуда, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бунёд ва дар ин замина сатҳу сифати зиндагии мардум баланд бардошта шавад.

Масъулин вазифадор гардиданд, ки масъалаҳои мазкурро зери назорат гирифта, мунтазам корбарӣ намоянд.
Вернуться назад