Главная > Навидҳо > Дастаҳои «Равшан», «Хатлон» ва «Истиқлол» бозиҳои аввали Ҷоми ФФТ-ро бо ғалаба оғоз карданд

Дастаҳои «Равшан», «Хатлон» ва «Истиқлол» бозиҳои аввали Ҷоми ФФТ-ро бо ғалаба оғоз карданд


12-02-2021, 09:37.

11 феврал дар варзишгоҳҳои марказии шаҳри Душанбе ва Ҳисор марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ оғоз гардид. Дар бозии аввал дар гурӯҳи «А» дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Мастчоҳ»- и ноҳияи Мастчоҳ ба ҳам омаданд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо ҳисоби 5:2 ба фоидаи футболбозони шаҳри Кӯлоб ба анҷом расид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар оғози бозӣ, аниқтараш дар дақиқаи 4-ум ҳамлагари дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб Наврӯз Рустамов ҷаримаи 11-метраро бехато иҷро намуда, ҳисобро кушод. Бо гузаштани 7 дақиқа Муҳсин Рустамзода аз дастаи «Мастчоҳ» таносубро барқарор намуд. Гуаве Алфред Окаи, легионери дастаи «Равшан» дар дақиқаи 41-уми дидор як гол зада, дубора дастаашро ба пеш баровард. Қисми аввал бо ҳамин натиҷа поён ёфт.

Дар дақиқаи 70-ум футболбози дастаи «Мастчоҳ» Салоҳиддин Одиназода баробариро дар ҳисоб таъмин сохт. Аз дақиқаи 80-ум то охири дидор шогирдони Ғайраталӣ Мираҳмадов ба дарвозаи футболбозони ин дастаи вилояти Суғд 3 гол заданд. Дар дақиқаи 80-ум Аваз Қамчинов ҳисобро 3 бар 2 намуд. Дар дақиқаи 90-ум Шодӣ Муродов голи чоруми дастаашро ба ҳадаф расонид. Дар дақиқаи 2-юми изофа Далер Чалов ба бозӣ нуқта гузошт. Бо ҳамин тартиб дар рақобати аввали марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ дар гурӯҳи «А» дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби калони 5 бар 2 дастаи «Мастчоҳ»-и ноҳияи Масчоҳро мағлуб намуд

Дар бозии дигар дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 2:0 КМВА-ро мағлуб кард.Дар гурӯҳи «Б», ки дар он се даста бозӣ мекунад, вохӯрӣ байни дастаҳои футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар доир шуд. Футболбозони бохтарӣ дар ин бозӣ ба дарвозаи барқчиён 5 голи беҷавоб заданд.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври навбатии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 шанбе, 13 феврал доир хоҳанд шуд. Дар даври дуюм, дар гурӯҳи «А» дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Мастчоҳ»-и ноҳияи Мастчоҳ, КМВА- и Душанбе бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, дар гурӯҳи «Б» дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар байни ҳам рақобат мекунанд.
Вернуться назад