Главная > Навидҳо / Фарҳанг > Дар Боғи фарҳангу фароғатии Куруши Кабир маҳфилҳои гуногуни китобхонӣ баргузор шуданд

Дар Боғи фарҳангу фароғатии Куруши Кабир маҳфилҳои гуногуни китобхонӣ баргузор шуданд


10-02-2021, 11:47.

Дар Боғи фарҳангу фароғатии Куруши Кабири пойтахт бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маҳфилҳои гуногуни китобхонӣ баргузор гардиданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бояд гуфт, ки барномаҳои мазкур дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ташкили маҳфилҳои китобхонӣ ва ҷалби ҷавонону наврасон ва сокинони пойтахт ба китобхониву китобдӯстӣ гузаронида мешаванд.

Маҳфилҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани савияи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни ҷавонону наврасони ноҳия ва ҷалби онҳо барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” баргузор гардиданд.

Ташкили ин гуна маҳфилҳо ҷиҳати ҷалб намудани меҳмонону сокинони пойтахт ба китобхонӣ ва рӯй овардани ҷавонону насли наврас ба ҷаҳони маънавӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Вернуться назад