Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Дар вилояти Суғд Озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавон гузаронида мешавад

Дар вилояти Суғд Озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавон гузаронида мешавад


10-02-2021, 09:31.

Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф тибқи қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода соли равон Озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд гузаронида мешавад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Озмуни мазкур бо мақсади дарёфти истеъдодҳо дар соҳаҳои илму истеҳсолот ва тавсеаи тафаккури техникии насли наврас ташкил гардида, дар самтҳои барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, сохтмон, экология, геология, энергияи барқароршаванда, таҷҳизоти мошинсозӣ, маркшейдерӣ, металлургия, кӯҳкорӣ, техникаву технология ва илмҳои табиатшиносӣ доир хоҳад шуд.

Ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯён ва олимони ҷавоне, ки дар озмун пирӯзӣ ба даст меоранд, мукофотҳои пулӣ супорида мешаванд.


Вернуться назад