Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Узви Маҷлиси миллӣ бо сокинони шаҳри Бӯстон оид ба моҳияти Паёми Пешвои миллат суҳбат намуд

Узви Маҷлиси миллӣ бо сокинони шаҳри Бӯстон оид ба моҳияти Паёми Пешвои миллат суҳбат намуд


8-02-2021, 16:14.

Имрӯз дар толори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тибқи ҷадвали баргузории мулоқоту суҳбатҳои узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тасдиқ гардидааст, мулоқот доир гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Муовини раиси шаҳри Бӯстон Хуршед Сатторзода зикр намуд, ки имрӯзҳо бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат дар шаҳру навоҳии кишвар мулоқоту суҳбатҳо доир гардида истодаанд.

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сартабиби Беморхонаи рақами 1-и Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара Карима Ҳакимова андешаҳои хешро вобаста ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.

Сипас, аъзои гурӯҳи тарғиботӣ-ташвиқотии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд- мудири кафедраи назарияи иқтисоди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдумавлон Азимов ва номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шавкат Шарипов перомуни дигар ҷанбаҳои Паём ба Маҷлиси Олӣ ибрози назар намуданд.

Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ташаббусҳои наҷиб вобаста ба расидан ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар-саноатикунонии босуръати мамлакат ибрози андеша намуд.

Зикр карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбариву раҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро дар тамоми самтҳо муваффақона ба роҳ монда, сол аз сол ба афзун намудани нишондиҳандаҳо бо қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои миллӣ ва амсоли инҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда истодааст. Бахусус дар замони соҳибистиқлолии Ватан мавриди истифода қарор додани иншооти таъйиноти гуногун ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар тадбирҳои муҳим ҷиҳати рушди босуботи мамлакат шоистаи зикр мебошад.

Гуфта шуд, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» раҳнамо ва дастури кори мардуми шарифи мамлакат буда, моро зарур аст баҳри амалӣ гардонидани нишондиҳандаҳои он аз тамоми имконият истифода намоем.
Вернуться назад