Главная > Навидҳо / Фарҳанг > Дар Душанбе ба муносибати 580-солагии Мир Алишери Навоӣ навоихонӣ баргузор гардид

Дар Душанбе ба муносибати 580-солагии Мир Алишери Навоӣ навоихонӣ баргузор гардид


9-02-2021, 08:54.

Имрӯз дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Мир Алишери Навоии шаҳри Душанбе бо ташаббуси нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Халқ овози» ба муносибати 580-солагии сардафтари адабиёти классикии ӯзбек Мир Алишери Навоӣ навоихонӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» хабарнигори «Халқ овози» Зуҳриддин Умаров хабар дод, дар барнома кормандони рӯзномаи «Халқ овози», шоирон ва хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт иштирок карданд.

«9 феврали соли ҷорӣ ба таваллуди шоир, мутафаккир, асосгузори адабиёти классикии ӯзбек ва ходими давлатӣ Низомиддин Алишери Навоӣ 580 сол пур мешавад. Шоири бузург бо асарҳои мондагору ҷовидонаи худ ба рушди адабиёти ӯзбек ва тоҷик ҳиссаи арзишманд гузоштааст», — тазаккур дод сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози» Ёқубҷон Абдуманонзода зимни суханронӣ.

Дар идома ӯ илова намуд, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади гиромидошти хотираи шоири тавоно дар маркази пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Мир Алишери Навоӣ бунёд гардид ва дар он муҷассамаи мутафаккирони барҷастаи ду миллати бо ҳам дӯсту бародар ва ҳамсояи тоҷику ӯзбек – Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишери Навоӣ гузошта шуд. «Албатта, ин нишонаи эҳтиром ба дӯстии чандинасраи халқҳои тоҷику ӯзбек ва бузургдошти фарзандони фарзонаи ин миллатҳо мебошад», — таъкид кард Ёқубҷон Абдуманонзода.

Дар барнома доир ба ҳаёт ва фаъолияти шоир, асарҳои ӯ ва робитаҳои устодиву шогирдии Ҷомӣ ва Навоӣ суҳбати пурмуҳтаво доир гардид.

Аз ҷумла, шоири ӯзбекзабони Тоҷикистон Эркин Шукур зикр кард, ки Алишери Навоӣ бо офаридани «Хамса», ки аз «Ҳайрат-ул-аброр», «Фарҳод ва Ширин», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Сабъаи сайёр» ва «Саъди искандарӣ» иборат мебошад, ба ояндагон мерос гузошт. Ҳамчунин асарҳои дигари шоир имрӯз ба ганҷинаи бебаҳои адабиёти ӯзбек табдил ёфтаанд.

Мавсуф аз он ёдовар шуд, ки Алишери Навоӣ дар баробари шеъру ғазалҳои ӯзбекӣ бо забони тоҷикӣ низ ғазалҳо навишта, девони тоҷикии ӯ бо номи «Девони Фонӣ» ба табъ расидааст.

Дар барнома аз тарафи эҷодкорони ӯзбекзабони кишвар Абдулло Саидов, Искандар Маҳмадалиев ва дигарон ғазалҳои ӯзбекӣ ва тоҷикии Мир Алишери Навоӣ қироат карда шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки 27 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев Боғи ба номи Низомиддин Алишер Навоиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода буданд.


ДАР АКС: ҳангоми ба истифода додани Боғи ба номи Навоӣ дар шаҳри Душанбе, 27 сентябри соли 2018. Аз чап ба рост – Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тҷикистон Озода Раҳмон, Сарони давлатҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев.

Боғи ба номи Низомиддин Алишер Навоӣ аз ҷониби роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон бунёд карда шудааст. Шинонидани дарахтон, сабзу хуррамгардонӣ, насби чароғпояву таҷҳизоти зарурӣ ва интихоби мавзеи дигар инфрасохтори боғро аз рӯи тафаккуру нигоҳ, яъне пешниҳодҳои роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудаанд.

Ҳамчунин дар Тоҷикистон кӯчаву хиёбонҳо ва муассисаҳои таълимӣ ба номи Алишери Навоӣ гузошта шудаанд.

АКСҲО аз рӯзномаи «Халқ овози» ва Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ
Вернуться назад