Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Дар гулгашти меҳмонхонаи «Эҳсон»-и Хуҷанд беш аз 80 бех ниҳолҳои нодири ҳамешасабз шинонида шуданд

Дар гулгашти меҳмонхонаи «Эҳсон»-и Хуҷанд беш аз 80 бех ниҳолҳои нодири ҳамешасабз шинонида шуданд


25-01-2021, 12:34.

24 январ дар майдони назди меҳмонхонаи «Эҳсон»-и хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд беш аз 80 бех ниҳолҳои нодири ҳамешасабз шинонида шуданд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои созандагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд гулгашти ҳудуди меҳмонхонаи мазкур то таҷлили Наврӯзи байналмилалии 2021 ба макони истироҳату фароғати шаҳрвандон табдил мегардад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳоло дар ин майдон беш аз 20 нафар сохтмончиёни ҶДММ «Хушофар» корҳои ободонӣ анҷом медиҳанд. Айни замон роҳрави ин мавзеъ бо ороиши хос сохта шуда, дар он беш аз 20 адад нишастгоҳ насб карда мешаванд.

Тибқи тавсияи мутахассисон, беҳтарин давра барои шинонидани дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда- ин охири моҳи ноябр ва декабру январ мебошад. Зеро дар ин муддат ҳолати оромиши ниҳол дар зери хок гузашта, барои сабзиши оянда хубтар мутобиқ мегардад.

Иқдоми мазкур дар доираи маъракаи сабзу хуррамгардонии «1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ шудааст.


Вернуться назад