Главная > Навидҳо > Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020

Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020


13-01-2021, 12:31.
Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020

Дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 январи соли 2021 дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси васеи ҳайати мушовара баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода Исоҷон Ятим, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Кумита, роҳбарон ва кормандони масъули зерташкилоту муассисаҳо, ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ, сармеъморони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, директорони корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи маҷлиси васеи ҳайати мушовара як масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин ҳам бошад, «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021».
Ҷаласа аз шунидани ҳисоботҳо оғоз гардид. Сардори раёсати шаҳрсозӣ Зоиров Эраҷ, сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ Абдураҳимзода Н.С. сардори Хадамоти иҷозатномадиҳӣ Файзуллозода Н.Қ., сардори Раёсати экспертизаи давлатӣ Саъдуллозода С.Ф., директори КВД «Маркази нархгузорӣ» Каримзода А.Р., директори КВД ПИТ «Сохтмон ва меъморӣ» Умарзода У.Х., директори ҶСК «Саноатсоз» (Мализода Б.Ҳ.), директори КВД «Лоиҳакаш» (Шарифзода Д.Ш.), иҷрокунандаи вазифаи директори ҶСК «Шаҳрофар» (Раҷабов А.), директори ҶСК «Корезлоиҳа» (Худойдодзода Н.Х.) ба аҳли толор аз фаъолияти солонаи худ ҳисобот доданд.
Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020
Сипас, барои ҷамъбаст намудани кору фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва гузоштани вазифаҳо барои соли ҷорӣ маърӯзаи ҷамъбастии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадсаид Зувайдзода шунида шуд. Дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовара натиҷаи кори раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мудирони шуъба ва бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро дар соли 2020 таҳлилу баррасӣ менамоем,- гуфт ӯ.
-Барои таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар талаботҳои қонунгузорӣ дар соҳаи сохтмону меъморӣ, инчунин ҷиҳати амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии давлат кормандони масъули дастгоҳи марказии Кумита ва воҳидҳои сохтории он, сармеъморони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин ташкилотҳои сохтмонию истеҳсоли масолеҳи бинокории ҷумҳурӣ сарфи назар аз шакли моликият дар ин муддат кӯшиши бештар ба харҷ дода, барои ноил шудан ба ҳалли масъалаҳои гузошташуда як қатор корҳоро ба анҷом расониданд.
Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020
Дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат 26 декабри соли 2019 вобаста ба қисмати соҳаи сохтмону меъморӣ ва масъалаҳои корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳо баён гардиданд, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда ба иҷро расонида шуда, аз натиҷааш ба хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда шуд.
Ба иттилои Раиси Кумита яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита ин таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал мебошад. Айни замон, аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд.
Таҳияи лоиҳаи Нақшаи генералии ноҳияи Данғара ба итмом расида, дар мувофиқасозӣ қарор дорад.
Аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маркази 53 шаҳру ноҳияҳо бо нақшаҳои муфассали банақшагирӣ таъмин буда, таҳияи нақшаҳои муфассали банақшагирии маркази 3 шаҳру ноҳия пурра ба анҷом расида, лоиҳаи нақшаи муфассали банақшагирии маркази 9 шаҳру ноҳияҳо мавриди тасҳеҳ қарор доранд.
Айни замон дар асоси нақшаҳои генералии тасдиқгардида таҳияи нақшаҳои муфассали банақшагирӣ низ ба роҳ монда шуда, дар ин давра аз ҷониби ҶСК «Шаҳрофар»-и Кумита тасҳеҳи Нақшаи генералӣ ва нақшаи муфассали банақшагирии маркази ноҳияи Балҷувон, таҳияи нақшаҳои муфассали банақшагирии маркази ноҳияҳои Ёвон, Ховалинг ва Ишкошим ба анҷом расонида шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад. Таҳия ва тасҳеҳи Нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маркази шаҳру ноҳияҳои Леваканд, Вахш ва таҳияи нақшаи муфассали банақшагирии маркази шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Дӯстӣ идома дорад.
Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020
Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва баррасии масъалаҳои илмию техникӣ дар соҳа 5 ҷаласаи Шӯрои шаҳрсозӣ, 6 ҷаласаи Шӯрои илмию техникӣ ва 3 ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон гузаронида шуда, дар маҷмуъ 36 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва Корхонаҳои воҳиди давлатӣ дар соли 2020 ба маблағи 37918523,58 сомонӣ корҳои лоиҳакашӣ, хизматрасонӣ, ҷустуҷӯию тадқиқотиро ба анҷом расониданд, ки ин 121,6 фоизи ҳамин давраи соли 2019-ро ташкил намуд. Ҳосилнокии меҳнати як корманд дар соли 2020 3640,41 сомонӣ ва маоши миёнаи як корманд дар давраи ҳисоботӣ 1562,57 сомониро ташкил дод, ки ин нишондод 104,6 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил дод.
-Таҳлили нишондодҳои иқтисодиву молиявии ташкилотҳои лоиҳакашӣ нишон дод, ки нишондиҳандаҳо қонеъкунанда нестанд,- гуфт Зувайдзода М.М.
-Роҳбарони ташкилотҳои лоиҳакашӣ барои зиёд намудани ҳаҷми кор ва баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат таваҷҷуҳи кам зоҳир менамоянд ва мутахассисон аз кам будани ҳаҷми кор истифода бурда дар вақти корӣ ба иҷрои корҳои иловагӣ, ки ба фаъолияти корхона дахл надорад, машғул мегарданд. Бинобар ин бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифат дар ташкилотҳои лоиҳакашӣ, зиёд намудани ҳаҷми кори онҳо ва такмил додани низоми коргузорӣ роҳбарони ташкилотҳои лоиҳакаширо вазифадор менамоям, ки дар муҳлати кутоҳ чораҳои зарурӣ андешанд.
-Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, №82-ф барои муайян намудани беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи миллии манзаравӣ этнографӣ дар шаҳри Душанбе озмуни кушода байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи миллии манзаравию (ландшафтӣ) этнографӣ дар шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 15 феврали соли 2021 муқаррар гардидааст.
Аз ин рӯ, муовини Раиси Кумита (Раҳматуллозода Ш.И.), сардори раёсати шаҳрсозӣ (Зоиров Э.) вазифадор карда мешаванд, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани озмун чораҷӯӣ намоянд. Вобаста ба ҳолати иштироки шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба озмуни зикршуда то санаи 20 январ маълумоти муфассал ба Раиси Кумита пешниҳод карда шавад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сатҳу сифати назорати давлатӣ дар бинову иншооти сохташудаистода паст буда, дар ин самт беҳбудиро металабад. Ҳолатҳои бе лоиҳаи корӣ, бе дастрас намудани хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ, дағалона вайрон кардани талаботи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ дар мавриди иҷрои корҳо ва худсарона бе мувофиқаи мақоми ваколатдор ворид намудани тағйирот ба лоиҳаҳои кории тасдиқшуда ва бархилофи талаботи лоиҳа зиёд намудани ошённокии биноҳоро то ҳол ҷой дорад.
Аз ин лиҳоз, супориш дода мешавад, ки Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ талаботро нисбати мутобиқи лоиҳа иҷро намудани корҳо, истифодаи масолеҳ ва маводҳои баландсифат, сохтмони иншоот бо хулосаи ташхисӣ, риоя кардани талаботи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳо пурзӯр намуда, ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши касбии нозирони Хадамот чораҷӯӣ намояд.
Зувайдзода М.М. қайд намуд, ки омода намудани кадрҳои сатҳи баланди соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар дохил ва хориҷи кишвар барои пешрафти соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки имрӯз бо инобати рушди соҳаи шаҳрсозӣ, дар истеҳсолот кадрҳои баландихтисос зарур мебошанд.
Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020
Бо ин мақсад, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳоро зарур аст, ки барои дар дохил ва хориҷи кишвар омода намудани кадрҳои сатҳи баланди соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, аз ҷумла ихтисосҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ, муҳити меъморию манзаравӣ, дизайнерӣ бо Вазорати маориф ва илм, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.
-Бо қарори ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2021 “Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” эълон гардидааст.
Аз ин рӯ, муовини Раиси Кумита (Раҳматуллозода Ш.И.), сардори Раёсати шаҳрсозӣ (Зоиров Э.), сардори Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон (Ниёззода А.), директори Корхонаи воҳиди давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ” (Умарзода У.Х.) ва роҳбарони дигар воҳидҳои сохторӣ вазифадор карда мешаванд, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои банақшагирифташуда шурӯъ аз ҳоло омодагии ҷиддӣ бинанд.
Бояд қайд намуд, ки айни замон дар соҳаи сохтмон ва меъмории ҷумҳурӣ ҳуҷҷати муайянкунандаи самтҳои асосии рушди соҳа бо назардошти татбиқи муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигар барномаҳо ва консепсияҳои қабулгардида вуҷуд надорад. Бо ин мақсад ба муовини Раиси Кумита (Раҳматуллозода Ш.И.), сардори Раёсати шаҳрсозӣ (Зоиров Э.Қ.), сардори раёсати илм ва танзими меъёрҳо (Ниёззода А.), сардори шуъбаи ҳуқуқ, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Сохтмон ва меъморӣ” (Умарзода У.Х.) ва дигар мутахассисон супориш дода мешавад, ки дар соли равон якҷо бо мақомотҳои дахлдор Стратегияи рушди соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030-ро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати ободонӣ ва ба тартиб даровардани намои бинову иншооти ҳамшафати роҳу кӯчаҳо чораҳои дахлдор андешида шуда истода бошад ҳам, барои расидан ба натиҷаи дилхоҳ ва мутобиқ намуданашон ба талаботҳои муосир таҳияи лоиҳаҳои рангубор ва таъмири бинову иншоот лозим буда, баҳри иҷрои саривақтӣ мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлалатии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки чораҳои дахлдор андешанд.
Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020
Дар анҷоми маҷлиси васеи ҳайати мушовара Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадсаид Зувайдзода гуфт, ки аз номи ҳамаи ҳозирин пеш аз ҳама Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бовар мекунонам, ки барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати корҳои лоиҳакашӣ, таъмини назорати давлатии сифати корҳои сохтмонӣ ва ба меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ҷавобгӯ будани онҳо, вусъат бахшидан ба раванди бунёдкорӣ ва ободу зебо кардани Ватани азизамон дастуру супоришҳои Сарвари давлатамонро сармашқи кори худ қарор дода, ба комёбиҳои боз ҳам бештар ноил мегардем.


Хабарнигори
«Рӯзномаи бинокорон»
Вернуться назад