Главная > Навидҳо > Душанбе дар номинатсияи «Беҳтарин шаҳри варзишии Тоҷикистон дар соли 2020» ғолиб дониста шуд

Душанбе дар номинатсияи «Беҳтарин шаҳри варзишии Тоҷикистон дар соли 2020» ғолиб дониста шуд


12-01-2021, 12:13.

Дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2020 шаҳри Душанбе дар номинатсияи «Беҳтарин шаҳри варзишии Тоҷикистон» ғолиб дониста шуда, Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтарин Федератсияи миллии варзишӣ аз рӯи намуди олимпӣ муайян гардид.

Ҳамчунин дар номинатсияи «Беҳтарин ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон дар соли 2020» Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон», «Пайравони Пешвои миллат» ва «Созандагони Ватан» ғолиб ҳисобида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 9 январи соли равон дар маҷмааи «Кохи Суруш» -и пойтахт маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлуба Сатториён, Раиси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, ҷавонон ва ғолибони ҷоизаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иштирок намуданд.
Вернуться назад