Главная > Навидҳо / Фарҳанг > Дар Кӯлоб бо усули хона ба хона барномаи «Сайри китоб» ҷараён дорад

Дар Кӯлоб бо усули хона ба хона барномаи «Сайри китоб» ҷараён дорад


5-01-2021, 12:08.
Тибқи дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар рӯзҳои таътили зимистонаи хонандагони мактабҳои миёна барномаи «Сайри китоб» бо усули хона ба хона ҷараён дорад.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ медиҳад.

Барномаи «Сайри китоб» бо усули хона ба хона гузаронида шуда, дар он китобҳои бадеиву соҳавӣ ба хонандагон дар манзилҳои истиқоматиашон дастрас карда мешаванд. Аз ин рӯ мақомоти иҷроия аз волидон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар ин самт бо масъулини соҳаи маориф, фарҳанг, ҷамоатҳои деҳот ва қитъаҳои истифодаи манзил ҳамкории зич ба роҳ монанд.

Ҳадаф аз баргузории ин барнома ҷалби наврасон ба китобхонӣ, мутолиаи асарҳои илмию бадеӣ ва омӯхтани илму дониш, ғанигардонии тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва пешбурди ҳаёти солим барои ҳар инсон мебошад. Ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб аз эҳёи суннатҳои китобдӯстиву китобдорӣ, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи насли наврас дар заминаи арзишҳои миллию умумибашарӣ, рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, нангу номуси миллӣ ва зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ дарак медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки Вазорати маориф ва илми мамлакат ба мактабҳо дар давраи таътил рӯйхати 299 номгӯй адабиёт, аз қабили адабиёти бадеӣ, муосир, ҷаҳонӣ, инчунин асарҳои назмию насриро барои мутолиа пешниҳод намудааст. Ҳамчунин дар ин давра дарсҳои иловагӣ, олимпиадаи ноҳиявию вилоятӣ, барномаҳои илмию адабӣ, китобхонӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ ва ҳафтаи адибон баргузор гардида истодаанд.

Имрӯзҳо тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ барои самаранок гузаронидани таътили зимистона аз рӯи нақшаи чорабиниҳо амал намуда истодаанд.
Вернуться назад