Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Дар Ёвон ба 40 нафар ятимони кул кумак расониданд

Дар Ёвон ба 40 нафар ятимони кул кумак расониданд


31-12-2020, 09:02.

Дар арафаи Соли нави мелодӣ ба 40 нафар ятимони кул, ба ҳар як нафар ба маблағи 500 сомонӣ кумак намуданд. Ҳамчунин барои бошандагони Маркази иҷтимоии рӯзонаи «Умед», Хонаи пиронсолон ва маъюбони ноҳия ва сарбозони Қисми низомӣ дастурхони идона оростанд ва ба ҳар нафари онҳо туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

Тибқи иттилои масъулини шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳия дар ҳудуди ноҳияи Ёвон, дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода ва раиси ноҳия Ҷамшед Саидзода модарони маъюбу собиқадор Зиёда Сафарова ва Нигина Ҳусейноваро хабар гирифта, ба онҳо кумакҳои моддию пулӣ расониданд.

Дар ноҳияи Ёвон аз ҷониби соҳибкорону саховатмандони маҳаллӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба ниёзмандону бепарастдорон расонидани чунин кумакҳо идома дорад.
Вернуться назад