Главная > Навидҳо > ДАРАХТ БИНШОН! Дар Хуҷанд беш аз 70 бех шоҳбулут ва 50 бех сарви аризонӣ шинонида шуданд

ДАРАХТ БИНШОН! Дар Хуҷанд беш аз 70 бех шоҳбулут ва 50 бех сарви аризонӣ шинонида шуданд


15-12-2020, 13:14.

Дар ду шафати хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд беш аз 70 бех ниҳолҳои дарахтони шоҳбулут шинонида шуданд, ки ояндаи наздик ба шаҳр шукӯҳу шаҳомати хосса мебахшанд. Сипас бо ҷалби кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар майдони Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 бех ниҳолҳои барқади сарви аризонӣ шинонида шуданд. Дар ин маъракаи ниҳолшинонӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иштирок намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Раиси вилояти Суғд Рачаббой Аҳмадзода баробари оғоз намудани мавсими ниҳолшинонӣ масъулинро ба вусъат бахшидани маъракаи ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди шаҳр даъват намуд. Дар ин замина таваҷҷуҳи махсус ба интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусияти ороишиашон ба хиёбону маҳаллаҳои шаҳр ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ равона гардид. Зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи дарахтон мебошад.

Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарони шаҳр дастур дод, ки барои ободу зебо намудани ҳар гӯшаи шаҳр ҷаҳд намуда, баҳри бунёди майдончаҳои варзишӣ, маконҳои истироҳатӣ, фароғатӣ ва дар маҷмӯъ барои шаҳрвандон муҳайё намудани шароити арзанда аз тамоми имконот истифода намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки шоҳбулут яке аз дарахтони маъмултарини кишварҳои Аврупо, Осиё ва Амрикои Шимолӣ буда, дар фазои гарми субтропикӣ парвариш карда мешавад. Дарозии он ба 30 метр расида, бо баргҳои калонаш дар шакли контурӣ мудаввар мешавад. Дар тамоми қисмҳои ин дарахт ғизоҳо мавҷуданд. Дарахти шоҳбулут дорои моддаҳои фаъоли биологӣ, флавоноидҳо, инчунин пектинҳо, равғанҳо, крахмал ва танин мебошад. Дар пӯсти тана ва шохаҳо гликозидҳо, танинҳо ва равғанҳо мавҷуданд.

Шоҳбулутро барои табобати инфузияҳо, ҷӯшобҳо, тентураҳои спиртӣ истифода менамоянд. Он ҳамчунин барои гипертония, атеросклероз, бемориҳои дил ва рагҳо, барои табобат ва пешгирии тромбоз ва эмболия истифода мешаванд.


Вернуться назад