Главная > Навидҳо > Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои шаҳрвандон беш аз 5 ҳазор ҷойи кор муҳайё намудааст

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои шаҳрвандон беш аз 5 ҳазор ҷойи кор муҳайё намудааст


9-12-2020, 09:41.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нафарони корҷӯ ва дорои касб аз рӯи равияҳои мухталиф 5242 ҷойи кори холиро дар 1039 корхонаву ташкилоти гуногуни ҷумҳурӣ муҳайё намудааст, ки шаҳрвандон метавонанд дар ин ҷойҳо ба фаъолияти меҳнатӣ пардозанд.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Фаъолият дар корхонаву ташкилот аз рӯи равия ва ихтисосҳои кишоварзӣ, маориф, фарҳанг, нақлиёт ва алоқа, идораи давлатӣ ва мудофиа, савдо ва хизматрасонии маишӣ, саноат, энергетика, сохтмон, тандурустӣ, молиявӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва дигар намудҳои фаъолият буда, корҷӯён метавонанд тавассути сомонаи расмии www.kor.tj худро ба қайд гирифта, соҳиби ҷойи кор шаванд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандон ва корфармоёни мамлакат мерасонад, ки онҳо низ метавонанд тавассути сомонаи мазкур беҳтарин мутахассисони соҳаҳои гуногунро пайдо намуда, бо онҳо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонанд.
Вернуться назад