Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > ДУШАНБЕРО БА ШАҲРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ! Дар маҳаллаи Аҳрор Мухтори ноҳияи Сомонии пойтахт 50 адад ниҳоли санавбар шинонида шуд

ДУШАНБЕРО БА ШАҲРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ! Дар маҳаллаи Аҳрор Мухтори ноҳияи Сомонии пойтахт 50 адад ниҳоли санавбар шинонида шуд


30-11-2020, 09:09.

Бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи ба номи Аҳрор Мухтори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маъракаи тозагӣ ва ниҳолшинонӣ баргузор шуд, ки дар доираи он 50 адад ниҳоли навъи ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд.

Тавре аз Кумитаи рушди маҳал ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маъракаи ниҳолшинонӣ роҳбарон ва кормандони Кумита, инчунин сокинони шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба «шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе, ки зимни баргузории иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум садо дод, ҳамчун пешниҳоди ҷолиб дар таъмини муҳити тозаи экологӣ миёни аҳли ҷомеа ҳамовозии гарму ҷӯшон ба миён овард.


Вернуться назад