Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Тоҷикистон ва Германия ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат тавсеа мебахшанд

Тоҷикистон ва Германия ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат тавсеа мебахшанд


27-11-2020, 11:24.

Тоҷикистон ва Германия ҳамкориро дар бахши саноат тақвият медиҳанд.
Дар ин росто дар Душанбе мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн доир гардид.
Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Германия, инчунин ҳамкории ду давлатро дар соҳаҳои саноат баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот зарурати тавсеаи бештари ҳамкории дуҷониба, ки ба партави муносибатҳои ду кишвар созгор аст, таъкид гардид.


Вернуться назад