Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Дар шаҳри Ваҳдат зиёда аз 400 иншоот ба истифода дода шуда, 522 нафар соҳиби ҷойи кор гардиданд

Дар шаҳри Ваҳдат зиёда аз 400 иншоот ба истифода дода шуда, 522 нафар соҳиби ҷойи кор гардиданд


21-11-2020, 11:03.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони зиёда аз 610 иншооти гуногунро ба нақша гирифтааст. То имрӯз зиёда аз 400 иншооти дорои аҳамияти маҳаллию ҷумҳуриявӣ мавриди истифода қарор гирифта, барои 522 нафар сокинони шаҳр ҷои кори доимӣ пайдо гардид. Дар ин бора роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Ваҳдат Ислом Ҳайдарзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар дод.

Соли равон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маркази шаҳри Ваҳдат 60 бинои гуногун бунёд гардиданд. Аз ҷумла, 5 бунгоҳи тиббӣ, 11 майдончаи варзишӣ, 12 муассисаи таълимӣ, марказҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва 8 бинои истиқоматии баландошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва саҳми соҳибкорон шаҳраку деҳоти шаҳр зебо гашта, сохтмони иншооти муҳими таъйиноташон гуногун, таъмиру навсозии роҳҳо бомаром идома дорад.

Соҳибкори ватанӣ Абдусамад Нарзиқулов дар маркази шаҳри Ваҳдат бо тарҳи зебову замонавӣ бинои истиқоматии 10-ошёна бунёд намуд, ки он дорои 54 ҳуҷра мебошад. Дар ошёнаи якуми он коргоҳи дӯзандагӣ, нуқтаи фурӯши матоъҳои миллӣ ва намунаҳо аз ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд аст. Абдусамад Нарзиқулов мегӯяд, ки “ман ифтихор мекунам, ки иншооти ҷашнии бунёднамудаам бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин амал мо-соҳибкоронро рӯҳбаланд месозад, ки минбаъд низ дар ободии Ватанамон саҳм гузорем”.

Сокинони шаҳри Ваҳдат бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри ободу зебо гардонидани шаҳр саъю талош намуда, кӯшиш доранд то соли 2021 иншооти боқимондаи ҷашниро бунёд созанд. То ҷашни миллӣ пулу роҳҳо навсозӣ шуда, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, синфхонаҳои иловагӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва ҳаммому кошонаҳои ҳусн дар сатҳи олӣ ба истифода дода мешаванд.


Вернуться назад