Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ба Муассисаи давлатии «Истиқлол» маводи доруворӣ тақдим намуд

Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ба Муассисаи давлатии «Истиқлол» маводи доруворӣ тақдим намуд


20-11-2020, 16:50.

Дар доираи ҳамкории дуҷонибаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин имрӯз Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии «Истиқлол» 55 номгӯй маводи доруворӣ тақдим намуд.

Тавре аз Кумитаи Иҷроияи Марказии ХХДТ ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, дар маросими супоридани доруворӣ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ғафур Муҳсинзода ва сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода иштирок намуданд.

Маводи доруворӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хуруҷи мавҷи дуюм дар ҷаҳон равона шудаанд.

Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ иброз дошт, ки “хеле муҳим аст, ки кишварҳо иртиботи доимиро роҷеъ ба масъалаҳои муҳимтарини ҷомеаи башар тақвият бахшида, дар самти мубориза бо бемориҳои сироятӣ ҳамкории доимӣ дошта бошанд. Бо супориши бевоситаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тамоми ҷумҳурӣ дар самти риоя кардани қоидаҳои беҳдошт, фосилаи иҷтимоӣ ва истифодаи васеъ аз маводи антисептикӣ бо мақсади муҳофизат аз бемориҳои гуногун кор мебаранд”.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи солимии аҳолӣ диққати махсус дода, дар ин самт ба масъулин пайваста дастуру супоришҳои муфид медиҳанд”, — афзуд Х. Юсуфӣ.


Вернуться назад