Главная > Навидҳо > Кормандони Маркази адлияи ноҳияи Рӯшон соҳиби бино мегарданд

Кормандони Маркази адлияи ноҳияи Рӯшон соҳиби бино мегарданд


29-10-2020, 15:40.

Дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ кормандони Маркази адлияи ноҳияи Рӯшон ба бинои нав мекӯчанд. Ин бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, маблағгузории онро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар уҳда дорад.

Муовини аввали раиси ноҳияи Рӯшон Гулмаст Дӯсталиев гуфт, ки «мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба чунин бинои зебову барҳаво хеле ниёз дошт. Зеро кормандони Маркази адлияи ноҳия, нотариуси давлатӣ ва бойгонӣ дар биноҳои кӯҳна, ки аввали солҳои шастум сохта шуда буданд, фаъолият доранд. Намуди зоҳирии ин биноҳо низ ба меъёрҳои меъмории замони муосир посухгӯ нест ва симои маркази ноҳияро, ки дар ду даҳсолаи охир ба таври бесобиқа тағйир ёфтааст, коста мегардонад. Баробари ба итмом расондани сохтмони мазкур ҳам барои кормандони Маркази адлияи ноҳия шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда мешавад ва ҳам симои кӯчаи марказӣ ба худ ҳусни зеботар мегирад».

Сардори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди СУ-5 Навбаҳор Каримов, ки сохтмони биноро бар дӯш дорад, изҳор намуд, ки “бино аз 16 утоқи корӣ иборат буда, бинокорон кӯшиш мекунанд ҳамаи утоқҳоро бе ягон камбудӣ ба ҳайати комиссия супоранд. Орзуи ҳар бинокор ин аст, ки соҳибони ояндаи бино аз кораш розӣ бошанду ба онҳо изҳори сипос намоянд. Ин беҳтарин мукофот барои ҳар бинокор аст”.

Ба гуфтаи масъулини Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди СУ-5, онҳо тасмим гирифтаанд, ки то фарорасии Рӯзи Парчами давлатӣ бинои мазкурро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.




Вернуться назад